Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дук-дуки дук
(Ба оҳанги ҳазл)

Дилам дорад ба роҳат дук-дуки дук,
Зи ёди рӯи моҳат дук-дуки дук.
Ҳазорон шиква дорад андарунам
Зи чашмони сиёҳат дук-дуки дук.
Кунад шодӣ чу тифли қанддида
Зи лутфи гоҳ-гоҳат дук-дуки дук.
Ҳамехоҳад бигирад бӯсае чанд
Зи лаъли бӯсахоҳат дук-дуки дук.
Шавад мурғу парад сӯят, ки гӯяд
Саломе ҳар пагоҳат дук-дуки дук.

Ҷӯрта-ҷӯрта

Равам пешат, нигоро, ҷӯрта-ҷӯрта,
Ки гӯям рози дилро ҷӯрта-ҷӯрта.
Зи ту ман шиква дорам дар дили худ
Аз ин ҷо то Бухоро ҷӯрта-ҷӯрта.
Ба умеде, ки аз ман мешавӣ ту,
Кунам бо ғам мадоро ҷӯрта-ҷӯрта.
Ту ахтар гаштаӣ, з-ин рӯ шабона,
Нигаҳ созам ҳаворо ҷӯрта-ҷӯрта.

Диле дорӣ…
(Барои ҳофиз Шокири Қодир)

Диле дорӣ, аё Шокир,
Ки дар он сӯзу созе ҳаст,
Шукуфтанҳои розе ҳаст,
Садои рӯзгорон аст,
Нидои обшорон аст.

Туро илҳоми саршор аст чун рӯди Ниёб имрӯз,


Рўди Ниёб номи дарёест дар мавзеи Даштиҷум.

пешина
аз 118
навбатӣ