Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Баҳория
Биборад ҳусн аз рӯи баҳорон,
Ки дорад кокуле аз оби борон.
Сари кӯҳ лола монанди хаёл аст,
Хаёли тозаи ӯ безавол аст.
Китоби дашт дорад сафҳаи роз,
Ки Рустам ку, ки шинад Рахшро боз.
Само аз шодияш кӯбад нақора,
Занад бар чодараш гул аз шарора.
Чу мурғон орзуҳо пар кушоянд,
Ҷамолакбоф шохи нахлҳоянд.
Шамоли нарм чун меҳмоннавоз аст,
Дари накшудаи Наврӯз боз аст.
Раис
(Ба раиси хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи
Ҳамадонӣ Асадулло Абдуллоев)
Шӯълаи мардӣ ба шамъи корҳо дорад раис,
Аз рафоқат даври худ деворҳо дорад раис.
Доманашро мезанад бар аз пайи ҳар нақшае,
Аз ғами мардум ба дил озорҳо дорад раис.
Паҳн буд дар гӯштин овозаи ӯ ҳар куҷо,
Зӯрие дар кор акнун борҳо дорад раис.
Нахли ваҳдатро миёни мардумон мепарварад,
Оташе бар решаи ҷузхорҳо дорад раис.
То бидонад дафтари илми раиятпарварӣ,
Ҳарф-ҳарфашро ба дил такрорҳо дорад раис.
Ҳар куҷое по ниҳад, ӯ хайру эҳсон оварад,
Дар Ватан аз хештан осорҳо дорад раис.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё