Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ошиқам

Ман ба ҳусни навбаҳорон ошиқам,
Бар ҳавои обшорон ошиқам.

Ғайрате доранд ҳамчун мардҳо,
Ман ба ҷӯши чашмасорон ошиқам.

Зери пои ошиқон чун махмалам,
Бар гулу себаргазорон ошиқам.

Баски мемонад ба сӯзи ҷони ман,
Ман ба сӯзи шамъи сӯзон ошиқам.

Ашки гулрӯе намехоҳам бидид,
Бар табассумҳои ҷонон ошиқам.

Нестам хоҳони ҳуштакҳои тир,
Бар таку тукҳои борон ошиқам.

Фирдавсӣ

Аё, эй марди равшандил,
Аё, Фирдавсии Тӯсӣ.
Арӯси шеърро додӣ
Хату холу либоси наварӯсӣ.
Бибӯсам сатри волоят,
Бибӯсам достонҳои ба маънӣ аз ҳама олию болоят.
Ки мегӯянд ҳар лаҳза:
Аё, эй миллати тоҷик,
Қадам дониста мон дар роҳи оянда.

Русия намеравам
(Бадеҳа)
Мард:
Ҷонона, баҳор омад, ҷонона баҳор,
Русия равонаму ба ту ошиқи зор.
Пеш аз сафарам чу ҳадяи наврӯзӣ
Аз боғи лабат ба ман гули лола биёр.

Зан:
Аз боғи лабам лола ба ҳар кас надиҳам,
Бар муштариёни дастнорас надиҳам.
Русия равиву ёри дигар гирӣ,
Билло ба Худо, ки як сари хас надиҳам.

Мард:
Русия намеравам, Ватан дорам ман,
Як кишвари беҳ зи сад чаман дорам ман.
Русия чаро равам пайи пулёбӣ,
Монанди ту гар дурри Адан дорам ман.

Зан:
Обод Ватан кунӣ ту, ёрат гардам,
Як дилбари шӯхи беқарорат гардам.
Аз боғи лабам туро бибахшам лола,
Рахшанда чароғи рӯзгорат гардам.

Ҳар ду:
Ёрон, ёрон, гурезпоӣ накунед,
Фикри сафару зиндаҷудоӣ накунед.
Обод кунед Тоҷикистони азиз,
Бар кишвари хеш бевафоӣ накунед.

пешина
аз 118
навбатӣ