Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ғукӣ

Савти ту якранг,
Ботлоқӣ ҷомаи лафзат,
Хонданат ғукӣ.

Ҷанозаи пирӣ

Пириамро мебарам бар дӯш
То лаби гӯр.
Пириамро гӯр хоҳам кард.

Тӯфони ноз

Аз дили дарёи нозат
Хост тӯфон.
Заврақи уммед дар он мешавад ғарқ.

Бозӣ

Гӯй аст дилам дар сари чавгони ду зулфат,
Ҳар ҷо ки бихоҳӣ,
Он ҷо ту бипартой.

Ихтилоф

Дудро меофарад оташ, вале
Ҷои оташ ҳаст фаршу ҷои дудаш ҳаст арш.
Даҳр ҷоҳилпарвар аст.

Ташна

Ташнагиамро чӣ сон хоҳам шикаст,
Об шӯр аст.

Ватан

Гарчи хоки доманатро,
Хоки поки доманатро
Бошадаш ҳадде,
Бошадаш хатте.
Лек хатти меҳри ту дар синаам,
Дар дили равшантар аз оинаам
Беҳудуд аст.

Мӯмиё

Мӯмиёиянд
Ашкҳои зиндагии сахти сангин.

Бепарастор

Тифли маънӣ бе мураббист,
Дояи ғамхори ӯ ку?!

Дурангӣ

Аз дурангӣ чун кунам ор,
Мурғи хушхон чун зи зардию сафедист.

Моҳи нав

То туро ҳамчу моҳи нав дидам,
Рӯ ба ту ман дуои нав кардам.
Гандуми мазраи умедамро
Шаб ба доси маҳат дарав кардам.

пешина
аз 118
навбатӣ