Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Донишгаҳи ман бувад чу як чашмаи нур,
Як чашма назокат асту як чашма сурур.
Ин Чашмаи Носир аст дар водии Вахш,
Чашми бади душманон аз ӯ бодо дур.

Ин ҷой макони обу тоб аст имрӯз,
Қадраш ба мисоли зарри ноб аст имрӯз.
Равшан бикунад ҷаҳони донишҷӯро,
Донишгаҳи ман чу офтоб аст имрӯз.

То шавад эҷод созе

То шавад эҷод созе, то ба рӯз
Беқарорӣ мекунад Абдусалом.
Борбуди сонӣ асту пурҳунар,
Шоҳкорӣ мекунад Абдусалом.
Ҳамчунон марде ба ҳар ёриталаб
Зуд ёрӣ мекунад Абдусалом.
Гар намак хӯрдаст аз хони касе,
Посдорӣ мекунад Абдусалом.
Дар раҳи хизмат барои мардумаш
Бурдборӣ мекунад Абдусалом.
Бо вуҷуди ин бузургиҳои хеш
Хоксорӣ мекунад Абдусалом.

Ситораи зафар

Саҳрои пахтакор
Чархи ситоразор.
Чун маҳ нишаста духтаре дар «киштии кабуд»
Гӯё ситора ғун кунад бо азми устувор.
Аз ҳиммати зиёд,
Аз ғайрати зиёд
Рӯзе ба рӯи синааш бинем ҷилвагар—
Истораи зафар.

пешина
аз 118
навбатӣ