Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

К-аз ту ояд
Бӯи гул,
Бӯи фасли навбаҳорон.
Рез борон,
Рез борон!
Рез, эй борони нарма, бар сари қабри шаҳидон, Ки бирӯяд аз қудумат Ҳамчу рамзи умри кӯтоҳ,
Розҳои нокушуда
Сабзаҳои махмалин,
Лолаҳои арғувон.
Рез борон,
Рез борон!
Рез, эй борони ришта, рез рӯи дастгоҳи табъи ман, То бидӯзам аз нафосат, Аз малоҳат,
Аз назокат,
Аз латофат
Ман матои шеъри худро,
Ман қабои шеъри худро.
Рез борон,
Рез борон!
Рез, эй борони раҳмат, бар дару девори дилҳо, То зудоӣ аз дили кас ин баҳор Чангу хоки кинаҳоро, Шуста ҳар доғе зи хун,
Пок созӣ синаҳоро.
Рез борон,
Рез борон!...
4.04.1994.

Сурати қаҳрамон
(Ба Сафар Амиршоев)

Бингарад аз чорчӯба суратат
Бехабар аз қаҳрамониҳои ту.
Бар ҷавониҳои мо дорад нигоҳ
Бо тараҳҳум навҷавониҳои ту.

Аз нигоҳат бар нигоҳам мерасад
Шӯълаи чашмони нурафшони ту.
Мешавад бедор дар бунёди ман
Зарра-зарра ҷони ту, армони ту.

Орзуҳои ҷавонии ту монд
Аз ҷавониҳот дар дунё нишон.
Дар дифои навҷавониҳои мо
Ту ҷавон рафтию мемонӣ ҷавон.

Бингарад аз чорчӯба суратат
Бехабар аз қаҳрамониҳои ту.
Сурати ту бингарад бар рӯи мо
Чун ба рӯи ҷовидониҳои ту.

Мужда

Ғунчаё,
Чашми шукуфони ту мегӯяд:
К-эй зи шаб нолон,
Субҳ наздик аст.

Донишгоҳи сисола
(Дар ҷашни 30-солагии ДДК)

Донишгаҳи ман чашмаи илм асту адаб,
Аз хотири дил ҳамебарад гарди тааб.
Сӣ сол ба халқи хеш дониш додаст,
Дониш талабӣ, биё аз ин ҷо биталаб.

Гар синни камолот ҳамин сӣ бошад,
Чун шед ба дил нури саодат пошад.
Бикшода дари хазинаҳои дониш,
Нодониро зи беху бун битрошад.

пешина
аз 118
навбатӣ