Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Баёз
Баёзи зиндагиро мон,
Хатоҳо дар баёзи зиндагӣ з-андоза бисёр аст.
Биёву хон
Баёзи синаи моро,
Ки ҳар ҳарфаш
Зи мавҷи хун гуҳарбор аст.
Ранг-ранг
Рағми кӯтоҳии умраш
Қаҳ-қаҳи мастона зад тундар.
Абр бар ҳолаш ҳамегиряд.
Абрҳои шеъри кӯчӣ
Шеърҳои ман парешон
Гашта чун абри баҳорон.
Аз вазиданҳои боди фикрҳоям
Гаҳ зи як марзи китобам бар дигар марзи китобам
Кӯч банданд.
Шеърҳоям абри кӯчианд.
Ёд
Бо нигоҳи ошиқона, Бо суруду бо тарона.
Дар лаби дарёи пуршӯр Буд моро олами меҳру фасона.
Дар ҳавои ошиқиҳо Ҳамчунон шаҳбоз будем.
Баҳри фатҳи қуллаҳои орзу Ҳар ду дар парвоз будем, Мо ба ҳам дамсоз будем…
Навҷавонӣ чун қатори турнаҳо
Болафшонду гузашт.
Дар шабистони хаёли ман, вале
Ёди ту монандаи машъал шудаст.
Ғижжаки Абдусалом
(Ба оҳангсоз Абдусалом Раҳим)
Мешавад дар шӯру исён оламе
Аз садои ғижжаки Абдусалом.
Мекушояд ҳар гиреҳи мушкиле
Розҳои ғижжаки Абдусалом.
Ёфта бемор бар дардаш даво
Аз навои ғижжаки Абдусалом.
В-аз самои пурситора ҳаст беш
Нағмаҳои ғижжаки Абдусалом.
Ман бубинам санъати аҷдоди хеш
Дар ҳавои ғижжаки Абдусалом.
Қалам
Дар азои миллати бадбахти ман Метаровад ашк аз чашми қалам.
20.05.1992.
Аё устод!
(Дар зодрӯзи шоир Ҳақназар Ғоиб)
Аё устод!
Манам мафтуни он килки гуҳаррезат,
Манам афсуни он килки шакаррезат.
Парида шоҳини хушпанҷаи табъам
Ҳамеша дар ҳавои шеърҳои ту.
Ба гӯшам мерасад форам навои ту.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё