Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мерасад бар гӯши ман овози ту,
Он каломи сурбахшу сози ту.
Дар дили шӯридаам ҷо кардаӣ,
Гаштаам ҳамрозу хампарвози ту.

Ишқи шеърат дар дилам маъво намуд,
Сӯзу сози шоирӣ пайдо намуд.
Дар раҳи назми баландовози Шарқ
Номи моро то Зуҳал боло намуд.

Ҳофизо, дар байни ёрон шоҳирӣ,
Дар ғазалгӯӣ басе ту моҳирӣ.
Карда бо шеърат дили касро фусун,
Мисли чашми ёри зебо соҳирӣ.

Зиндаӣ ту дар ҳавои кӯҳсор,
Зиндаӣ ту дар навои обшор.
Зиндаӣ ту дар сафои рӯзгор,
Зиндаӣ ту дар вафои дӯстдор.

Номи ту бо номи тоҷик ҷӯр шуд,
Боғи назми тоҷикон пурнур шуд.
Қалъаи шеърат, ки бошад устувор,
Ишқро бас пояи пурзӯр шуд.

Ҳофизо, эй пешвои шоирон,
В-эй гуҳарсанҷу вафоҷӯи замон,
Мо зи шеърат шоирӣ омӯхтем,
Чун ту шоир нест дигар нуктадон.
10.08.1969.

Сӯзани имон

Сӯзани имон ба кор ояд,
То бидӯзӣ
Чоки ин бепардагиҳоро.

пешина
аз 118
навбатӣ