Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Масалан, ибораҳои «Комитети Марказӣ», «Совети Вазирон», «Ходими хизматнишондодаи илм», «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ», «ба гӯш расидан», «ба саҳна гузоштан», «аз ҳуқуқ маҳрум кардан» ва монандӣ инҳо.

Ибораҳои фразеологии тасвирӣ баръакси ду гурӯҳи аввал аз обуранги бадеӣ ва образнокӣ маҳруманд, аксар вақт ба забонҳои дигар айнан тарҷума мешаванд.

ЛЕКСИКОГРАФИЯ

Лексикографияи тоҷик (форсӣ) аз асрҳои X сар шуда, бо мурури замон тараққӣ кардааст. Луғатҳои аввалин асосан аз тарафи адибон ба сифати рисолаҳои мухтасари калимаҳои душворфаҳм бо эзоҳот тартиб дода мешуданд. Ин рисолаҳо лексикаи номаълум ва ё шубҳанокро дар бар мегирифтанд ва ҳамчун манбаи захираи луғавӣ хизмат мекарданд. Калимаҳои ин рисолаҳои луғавӣ ба тартиби ҳарфҳои охирин оварда мешуданд, то ки шоирон калимаи бо ин ё он қофия даркорро зуд даръёбанд. Якумин луғати тафсирие, ки то давраи мо маҳфуз мондааст, «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ мебошад, ки дар нимаи дуюми асри XI таълиф шудааст.

Дар «Луғати фурс» лексикаи душвори асарҳои шоирони Мовароуннаҳр ва Хуросон эзоҳ меёбад. Дар луғат аз осори Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Абушакури Балхӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ ва дигар шоирони асрҳои X—XI бисёр мисолҳо оварда шудаанд.

То аввалҳои асри XIV асосан «Луғати фурс» ва вариантҳои такмилёфтаи онро истифода мекарданд.

Луғати муҳимме, ки пас аз «Луғати фурс» таълиф шудааст, «Сиҳоҳ-ул-фурс»-и Муҳаммад Ҳиндушоҳи Наҳҷавонӣ мебошад (с. 1327).

Дар давраҳои минбаъда лексикографияи форсӣ-тоҷикӣ ба таври махсус инкишоф меёбад. Луғатҳои зиёди тафсирӣ, ки фарҳанг ном доштанд, таълиф мешаванд. Луғатҳои зерин аз ҷумлаи фарҳангҳои машҳуре мебошанд, ки то аввалҳои асри XX навишта шудаанд: «Шарафнома»-и Иброҳим Қивоми Форуқӣ (с. 1474), «Муаййид-ул-фузало»-и Муҳаммад ибни Лоди Деҳлавӣ (с. 1519), «Кашф-ул-луғот ва-л-истилоҳот»-и Аҳмади Сури Биҳорӣ (асри XVI), «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»-и Ҳусайни Инҷу (с. 1608), «Бурҳони қотеъ»-и Муҳаммад Ҳусайн ибни Халафи Табрезӣ (с. 1652), «Фарҳанги Рашидӣ»-и Абдурашиди ат-Таттавӣ (с. 1654), «Баҳори Аҷам»-и Рой Текчанд Баҳор (с. 1739), «Чароғи ҳидоят»-и Сироҷиддин Алихони Орзу (с. 1735), «Ғиёс-ул-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсиддин (с. 1827), «Фарҳанги Онандроҷ»-и Муҳаммади Подшоҳ (с. 1890).

«Луғати фурс» бештар лексикаи «фурс», яъне форсӣ-тоҷикии куҳнаро дар бар мегирифта, қисми асосии онро лексикаи аслӣ-тоҷикӣ ва форсӣ ташкил медиҳанд, як қисми онҳо

пешина
аз 457
навбатӣ