Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
аз гуфтугӯ ва шеваҳои гуногуни ин забонҳо, инчунин аз забонҳои дигари эронӣ (суғдӣ), аз забони паҳлавӣ ва ҳатто авесто гирифта шудаанд.
Дар давраҳои минбаъда, ки омезиши лексикаи забони тоҷикӣ бо забонҳои гуногун, махсусан, бо забони арабӣ, ба вуқӯъ омада буд, лексикаи арабӣ ба забони тоҷикӣ дохил гардида, дар луғатҳо торафт зиёдтар мешуд. Бисёр калимаҳои юнонӣ ва лотинии муарраб ба воситаи забони арабӣ ба забони тоҷикӣ-форсӣ даромадаанд. Онҳо асосан аз терминҳои соҳаи тиб — номи растаниҳо, моддаҳо ва доруҳо иборат буданд. Ин гуна лексикаи ихтисосӣ аз рисолаҳои тиббӣ ба луғатҳо (махсусан ба «Бурҳони қотеъ») дохил шудааст.
Барои эзоҳи калимаҳои арабӣ луғатҳои махсус тасниф мешуданд. Якумин луғати арабӣ ба форсӣ-тоҷикӣ «Китоб-ул-масодир»-и Завзанӣ (асри XI) мебошад. Баъдтар луғати машҳур бо номи «Суроҳ»-и Ҷамолиддини Қаршӣ (с. 1282), «Мунтахаб-ул-луғот»-и Абдурашиди ат-Таттавӣ (асри XVII) ва бисёр луғатҳои дузабонай дигар таълиф шуданд, ки мо ҳоло дар бораи онҳо сухан намеронек. Фақат як луғати нисбатан хурд, аммо муҳимро, ки дар асри XIII таълиф шудааст, меорем. Ин «Нисоб-ус-сибён»-и Абӯнасри Фароҳӣ мебошад, ки ба шакли назм таълиф ёфта, калимаҳои арабиро ба тоҷикӣ-форсӣ тарҷума мекунад. Ин луғати манзум, ки лексикаи серистеъмоли забони арабиро дар бар мегирад, асосан барои навомӯзони забони арабӣ навишта шудааст. Дар давраҳои минбаъда бисёр луғатҳои манзум дар тақлиди «Нисоб-ус-сибён» тартиб дода шудаанд.
Барои эзоҳи лексикаи соҳавӣ, термин ва истилоҳоти илмӣ луғатҳои соҳавӣ тартиб дода мешуданд. Дар асрҳои XVI—XIX тартиб додани луғатҳои тиббӣ ривоҷ меёбад.
Барои таҳқиқи маънии матни асарҳо шарҳ ва ҳошияҳои бисёре навишта шуда, луғатҳои махсуси як асар, яъне луғатҳои муаллифӣ таълиф мешуданд. «Фарҳанги Юсуф ва Зулайҳо»-и Ҷомӣ, «Фарҳанги Ахлоқи Носирӣ», фарҳангҳои бисёре барои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва ғайраҳо аз қабили инҳоянд.
Бисёр луғатҳои гуногуни дигар, ҳамчун луғатҳои муродифҳо (синонимҳо), луғатҳои омонимҳо (таҷнис-ул-луғот), луғатҳои орфографӣ ва орфоэрӣ ва ғайра низ тасниф меёфтанд.
ФАРҲАНГҲО (ЛУҒАТИ ТАФСИРӢ)
«Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ дар ними дуюми асри XI дар Озарбойҷони ҷанубӣ таълиф шудааст. Дар он калимаҳои душворфаҳм, ки дар ашъори шоирони Осиёи Миёна ва Хуросон — Рӯдакӣ, Абушакури Балхӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ ва дигарон вомехӯранд, эзоҳ меёбанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё