Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

дани оташи муҳаббати касе), «ба чашми худ нигоҳ карда роҳ рафтан» (дуруст, ба пеши худ нигоҳ карда роҳ рафтан) аз калимаҳои таркибӣ онҳо барнамеояд.

Дар сурати ибораҳои рехтаи фразеологии забони тоҷикӣ дараҷаи олии абстракцияи фразеологиро мушоҳида кардан мумкин аст. Онҳо ниҳоят пуробуранг ва таъсирбахш буда, ба забонҳои дигар тарҷума намешаванд. Чунончи, ибораҳои «димоғ сӯхтан» (ҳафа кардан), «дил бурдан» (дӯст доштан), «чашм дӯхтан» (нигоҳ кардан), «ҷони ширин» (азиз), «оби дандон» (навъи қанд) ва дигарҳо аз ҳамин қабиланд.

Хусусияти фарқкунандаи идиомаҳо дар ҳамин зоҳир мегардад, ки ҷузъҳои таркибӣ онҳо пурра ба маънои маҷозӣ меоянд, ба маънои аслии худ омада наметавонанд. Баръакс, дар гурӯҳи дигари воҳидҳои фразеологӣ — ифодаҳои фразеологӣ ё худ фразимаҳо яке аз ҷузъҳои таркибӣ ҳатман ба маънои аслии худ меояд.

  1. Ифодаи фразеологӣ. Ифодаҳои фразеологӣ ҳам монандӣ идиомаҳо пуробуранг ва таъсирбахш мешаванд, таркибӣ рехтаву устувор буда, ба забонҳои дигар қариб тарҷума намешаванд. Масалан: «ғам хӯрдан», «афсӯс хӯрдан», «савганд хӯрдан», «чашми касеро тарсондан», «муштро гиреҳ кардан» ва монанди инҳо.

Хусусияти фарқкунандаи ифодаҳои фразеологӣ дар ҳамин ифода меёбад, ки яке аз калимаҳои таркибии онҳо ҳатман ба маънои аслии худ меояд. Чунончи, калимаҳои «ғам», «афсӯс», «тарсондан» ва дигарҳо дар ибораҳои зикршуда ба маънои аслии худ омадаанд. Аз ин ҷиҳат ифодаҳои фразеологиро воҳидҳои устувори забонӣ номидан чандон дуруст нест. Онҳо нисбат ба идиомаҳо ҳам аз ҷиҳати сохту таркиб ва ҳам аз ҷиҳати семантика бештар ба тағйирот дучор мешаванд. Одатан, ифодаҳои фразеологӣ дар натиҷаи ба ҳам алоқаманд гардидани калимаҳо бо маъноиҳои ниҳоят камистеъмоли худ ба вуҷуд меоянд. Масалан, калимаи «пухта» танҳо бо маънои маҷозии худ (яъне хуб, соз, мувофиқ) ҳамчун муайянкунанда дар таркиби изофӣ ҷой гирифта, ифодаҳои фразеологии гуногунро ба вуҷуд меоварад: «гапи пухта», «кори пухта», «одами пухта» ва монанди инҳо.

Аз ду гурӯҳи аввали воҳидҳои фразеологӣ гурӯҳи сеюми онҳо ҳам бо сохту таркиб ва ҳам бо семантикаи худ пурра фарқ мекунад.

  1. Ибораҳои фразеологии тасвирӣ. Дар ибораҳои фразеологии тасвирӣ предмет, аломат, ҳолат ва амал дар шакли тасвирӣ, яъне дар шакли калима не, балки дар сурати ибораҳои алоҳида ифода мегардад. Ҳамаи ҷузъҳои таркибии ибораҳои тасвирӣ ба маънои аслии худ, ба маънои таҳтуллафзии худ ба кор бурда шудаанд, лекин хусусияти фарқкунандаи чунин ибора дар он аст, ки таркибан рехтаву устуворанд ва ҳар бор дар ҳамон шаклу қолиб ба кор бурда мешаванд.
пешина
аз 457
навбатӣ