Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Субҳи ҷавонии мо). Бародари ман аз ӯ донишмандтар буд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Тафовути дигари зарф аз сифат ин аст, ки сифат шакли дараҷаи олӣ низ дорад, ки он бо суффикси -тарин ифода мешавад (беҳтарин нависанда), вале зарф шакли дараҷаи олӣ надорад. Аз ҳамин сабаб калимаҳое, ки бо роҳи морфологӣ-синтаксисии калимасозӣ аз сифати аслӣ ба зарф гузаштаанд, танҳо суффикси -тар қабул карда метавонанд:

Падарам «тезтар биё» гуфта таъкид карданд (Р. Ҷалил, Маъвои дил).

Зарфҳо мувофиқи маънои умумиашон ба ду гурӯҳи калон тақсим мешаванд: зарфҳои аломат ва зарфҳои ҳолат. Зарфҳои аломат аломату хосияти амалу ароматро мефаҳмонанд, баъзе аз онҳо дараҷаи воқеъ шудани амалу аломатро нишон медиҳанд; зарфҳои ҳолат муносибатҳои гуногуни ҳолӣ: замону макон, сабабу мақсадҳоро ифода менамоянд.

Аломати барҷастаи зарфҳои аломат ин аст, ки онҳо дорои дараҷаи қиёсӣ мебошанд. Аз ин сабаб дар байни зарфҳои тарзи амал, миқдору дараҷа ва замону макон баъзе умумиятҳо ба назар мерасад, чунки зарфи тарзи амал асосан аломатро ифода кунад ҳам, дар байни онҳо мисли пуштнокӣ, паснокӣ, даруннокӣ, даҳанакӣ, ёдакӣ, рӯякӣ, дартоз, беист, ноист, беихтиёр, тасодуфан, фавран, ногаҳон, якбора, дузону калимаҳои зиёдеро ном бурдан мумкин аст, ки шакли қиёсӣ надоранд:

Наздики бегоҳӣ вай аспакӣ ба «Ситораи Сурх» расид (С. Улуғзода, Диёри Навобод). Миршаб бо шунидани ин хабар «вой мурдаам» гӯён пуштнокӣ меафтад (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Гоҳо дар ягон тангкӯча танбаи аробаю машинаҳоро дида пас мегардад ва мо паснокӣ хеле масофаро тай карда, ба роҳи дигар мебароем (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Баъд ҳамон дақиқа ба токчаи тиреза рафта нишаста, мактубро ғурунг-ғурунг карда, даруннокӣ хондан гирифт (Ф. Ниёзӣ, Духтари ҳамсоя). Коркунони ЗАГС даруннокӣ завқ мекунанд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Мазмуни он фармон даҳанакӣ ба кӯчаҳо паҳн мешуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Абӯали каме фикр карда, ёдакӣ мехонд (С. Улуғзода, Абӯалӣ ибни Сино). Планҳои конкретӣ аксар рӯякӣ сохта шуда, мавзӯи нав номбар карда мешуду халос («Чароғи Ирфон»). Модар дартоз ба ҳавлиаш омада истода, роҳ то роҳ дар бораи тилисмоти дар чуқурӣ будагӣ ва девҳои ҷанбаршоҳ хаёл карда, ба ваҳм афтод (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Вай модарамро, ки беист гирҷя мекард, тасалҳӣ дода мегуфт, ки беҳуда замини вокзалро об назанад, вай дере нагузашта меояд (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо). Танкҳо бошанд ноист пеш меомаданд (Ҷ. Икромӣ, Достони марди танкшикан). Мирқодир баъзе шумораҳои он газетараро аз Саидаҳмад гирифта пинҳонӣ ба мадраса меовард (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ҳотам беихтиёр лаҷоми

пешина
аз 457
навбатӣ