Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ба замин дӯхт ва каме фикр карда истода гуфт (Ф. Ниёзӣ, Духтари ҳамсоя). Аробакаш... зудтар ба манзил расонда, аз дасташон раҳои ёфта, ночор ба роҳ даромада, аспашро чолокона рондааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). — Имрӯз дар ин ҷо кӣ ҷомашӯӣ карда буд? — гӯён фарёд кард (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Қорӣ-ишкамба ба хонааш рафта ба кӯфтагии рӯҳӣ зуд дар ҷойхобаш ёзид (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

Аломатҳои морфологии зарф он қадар зиёд нестанд. Хусусияти асосии зарф ин аст, ки вай тағйир намеёбад (хусусияти тағйирпазирии зарф танҳо дар ифодаи дараҷаи қиёсӣ мушоҳида мешавад, ки он ҳам на ба ҳамаи зарфҳо мансуб аст).

Зарф мисли сифат аломатро мефаҳмонад ва дорои категорияи дараҷа мебошад, вале зарф аз сифат бо чанд хусусияти худ фарқ мекунад: зарф аломати амал ва аломати аломатро мефаҳмонад ва танҳо дараҷаи муқоисавӣ дорад, вазифаи синтаксисӣ ва тарзи алоқаи зарфу сифат низ аз ҳам фарқ мекунад: Вай зудтар ҳаракат кард, ки ба лаби ҷӯй расад (П. Толис, Тобистон). Савор наздиктар рафта қарор гирифт (С. Улуғзода, Қисмати шоир). Офтоби гарм поёнтар хамида, рӯи платформаро сояи бинои вокзал гирифта буд (Ч. Икромӣ, Шодӣ). Ҳозир вай ба профессор имтиҳон дода истодааст, камтар сабр кунед (Ф. Ниёзӣ, Духтари ҳамсоя). Дертар гидротехники ҷавон ҳис кард, ки майли бо Зайнаб бисёртар вохӯрдан, гуфтугӯй кардан, овози ӯро шунидан дорад (С. Улуғзода, Ёрони боҳиммат). Шомурод пас аз хӯрда шудани палав боз поёнтар нишаст (С. Айнӣ, Куллиёт).

Зарф аффиксҳои махсуси калимасоз дорад. Суффиксҳои -нокӣ, -акӣ, -она, -вор, -бар ва ғайра махсуси зарф мебошад: Набӣ-полвон Некқадамро пуштинокӣ ба замин хобонид (С. Айнӣ, Куллиёт). Банда кӯдаквор шодӣ мекардам (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Абдусаттор вазнинона бел зада, гоҳ-гоҳ ба канори муқобил нигоҳ партофта мемонд (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо). Мақсади моро пешакӣ дониста монданӣ барин, Нӯъмонова моро звено ба звено ба сари чинакчиёни бригадаи якум бурд (Ф. Ниёзӣ, Духтари ҳамсоя).

Аломати морфологии дараҷаи қиёсии зарф суффикси -тар мебошад. Ин суффикс бо суффикси дараҷасози сифат шаклан мувофиқ меояд. Ин шаклҳои омонимӣ аз якдигар танҳо аз ҷиҳати вазифаи синтаксисӣ фарқ мекунанд. Зарф дар шакли дараҷаи қиёсӣ ба феъл тобеъ шуда, онро аз ягон ҷиҳат эзоҳ медиҳад ва дар ҷумла ҳамеша ба вазифаи ҳол меояд. Сифат бошад, дар ин шакл чигунагии предметро мефаҳмонад ва дар ҷумла ба вазифаи муайянкунанда ва хабар меояд:

Зӯр мезадам, ки зудтар аз таги фаввора дур шавам (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Ман ҳаракат мекардам, ки сухани мувофиқтаре ёфта, ӯро тасаллӣ диҳам (С. Улуғзода,

пешина
аз 457
навбатӣ