Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Пирак зери лаб хандакунон гуфт (Айнӣ). Аммо аз пайраҳаи асфальтпӯш оҳиста роҳравон аз фикр мегузаро-над (Муҳаммадиев).
Феъли ҳоли замони ҳозира фақат намуди давомнокро ифода карда метавонад:
Дар он ҷо якчанд ҷанговарон гапзанон менишастанд (Ф. Ниёзӣ). Сухани ӯро табассумкунон шунида нишаст (Айнӣ). Ҳама гапи ӯро тасдиқкунон Умри холаро тасаллӣ медо-данд (Ниёзӣ). Юнус бобо даромада омад ва ба сӯи суфа роҳ-равон гуфт (Ниёзӣ). Ман дарвозаро кушода монандӣ соҳиби вай дарро тараққосзаноӣ ба кӯча баромадам (Айнӣ).
Феъли ҳоли замони ҳозира маънои мустақили замонӣ на-дорад. Онҳо ҳамчун шакли намуди давомнок амалу ҳолати ба феъли асосӣ дар як замон воқеъгардидаро ифода менамо-янд. Барои ҳамин хабари ҷумла дар замонҳои гузашта, ҳози-ра ва оянда омада бошад, феъли ҳоли замони ҳозира бо он ҳамеша ҳамзамон мегардад:
Дам ба дам поездҳои дуру дароз ҳуштаккашон, гумбур-розсанон мегузаштанд (Деҳотӣ). Гоҳе доманаи кӯҳҳои дуро-дурро тамошокунон худ ба худ табассум мекунад (Муҳам-мадиев). Доманатонро бурида гурезед ҳам, кашолакунон ба хона мебарам (Р. Ҷалил). Ҳарорати хуршед устухони сарди ӯро навозишкунон гарм мекунад (Икромӣ). Ҳам аз шиддати зӯрзаниҳои беҳуда, ҳам аз ҷӯши ғазаб фишпосзанон нафас мегирифт ва дандонҳои худро ғиҷирросзанон ба ҳам мехоид (Муҳаммадиев). Гӯсфандон... сахт рамида, аз ҷояшон хеста, тапарросзанон ба тарафи дигар гурехтанд (Айнӣ).
Ниҳоят феъли ҳол хусусияти вобастакунии феълӣ дорад, калимаҳои дигарро ҳамчун феъл вобаста намуда, ибораҳои феъли ҳол месозад: Яке аз дарбориён ба сӯи ҳамён ишоракунон пичиррос зад (Улуғзода). Мӯзаҳои ялтосиашро ғарч-ғарчкунон пасу пеш рафта меомад (Р. Ҷалил). Комиссар ба ҷанговарон бо чашми пурмеҳр ва ифтихори падарона нигоҳкунон ба полковник ҷавоб мегардонд (Ниёзӣ). Баррагони дар вақти чаро аз модар дур монда аз қафои рама баъосзанон медавиданд (Айнӣ).
Хусусан феъли ҳоли гузаранда объекти бевоситаро вобаста намуда, яке аз аломатҳои барҷастаи феълро зоҳир менамояд: Ангушташро боло бардошта, суханҳои ҷудогонаро таъкидкунон мисраъро такроран мехонад (Улуғзода). Гулрӯ гӯсоларо аз дари кӯча баровардаравон ба бошишгоҳи аскарони сурх назар андохт (Р. Ҷалил). Мочалов пулемётро аз дасташ кашолакунон ба сӯи қишлоқ роҳ гирифт (Ниёзӣ).
Феъли ҳол дар ҷумла одатан ба вазифаи ҳоли тарзи амал меояд ва аз ҷиҳати вазифаи синтаксисиаш ба зарф наздик мешавад: Кулолҳо Абӯалиро кашолакунон мебаранд (Улуғзода). Бо шунидани ин ҷавоб аҳли дарбор қаҳқаҳзанон хандиданд (Айнӣ). Давлат баъди рафтани Петр ба моҳи тобон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор