Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳам зоҳир мекунанд, ки дар боби сифатҳои феълӣ муфассал қайд шудаанд.

Агар ин сифатҳои феълӣ феъли ҳоли замони гузашта амали пеш аз хабари ҷумла иҷрошударо ҳамчун аломати он ифода кунанд, сифати феълии замони ҳозираи муайян монандӣ шакли асосии феъли ҳол бо амали хабари ҷумла ҳамзамон аст.

Феъли ҳоли замони ҳозира бо суффикси -он чунин сохта мешавад:

а) аз асоси замони ҳозираи феълҳои таркибии номӣ: гапзанон (гап задан), завқкунон (завқ кардан), такроркунон (такрор кардан), шақарросзанон (шақаррос задан)...

б) аз асоси замони ҳозираи феълҳои таркибии феълӣ: гузаштаравон (гузашта рафтан), баромадаравон (баромада рафтан).

Дар таркиби феълҳои ҳоли замони ҳозира махсусан феълҳои ёридиҳандаи «кардан», «рафтан» ва «задан» серистеъмолтар аст. Феълҳои ҳоли замони ҳозира гузаранда (такроркунон, кашолакунон, шудгуркунон, тозакунон, навиштаравон, пӯшидаравон, ғиҷиррозсанон, тасдиқкунон, туфкунон, ҳурматкунон, таъкидкунон, бӯсакунон) ва монда (табассумкунон, нолакунон, ҳуҷумкунон, тохтаравон, гузаштаравон, баромадаравон, тақлидкунон, таъзимкунон, муроҷиаткунон, завқкунон, хайрухушкунон, гапзанон, такякунон) мешаванд. Ин хусусияти феъли ҳол бевосита ба категорияи тарзи феъл алоқаманд аст.

Феълҳои ҳол категорияи феълии тарз дорад. Феъли ҳоли замони ҳозира ду тарз дорад: тарзи фоил ва тарзи миёна.

Феъли ҳоли тарзи фоил амали гузарандаест, ки бевосита ба объект равона мешавад. Объекти бевосита бо пасоянди -ро ва бе он меояд: Асирӣ баъзе сатрҳоро такроркунон мехонду чеҳраи Юсуфхон эшон тиратар мегардид (Р. Ҷалил). Фурӯшанда машкобро нафринкунон бо дасти росташ аз домани харидор маҳкам медошт (Айнӣ). Ҳеҷ гап не, — тасаллӣ дод Иваницкий дасту рӯй шустаравон, — худи ман ба шумоён забони русиро ёд медиҳам (Р. Ҷалил). Мирбадал гуфтаҳои Шодмоновро тасдиқкунон аз қафои Мамараҷаб берун баромада... (Ниёзӣ). Вай аз фурсат истифода бурда, шаҳрҳоро хароб, деҳаҳоро вайронкунон пеш меомад (Икромӣ).

Феъли ҳоли тарзи миёна бо феълҳои монда ифода шуда, амали иловагиро ҳамчун аломати амал нишон медиҳад. Феълҳои ҳоли замони ҳозираи тарзи миёна объекти бевосита намегиранд: Ман ҳам аз қафои ӯ тохтаравон ногоҳ падарамро дида мондам (Р. Ҷалил). Ин ду одами машҳури завод бо мо сӯҳбаткунон дар завод гашта хеле ҳикояҳо карданд (Икромӣ). Сафар бо Норзода хайрухушкунон оҳиста оринҷи Зебиро дошта, «рафтем» гуфт (Ниёзӣ). Вале Носир Аббос аз назди онҳо гузаштаравон дар хусуси гули хонагие гап мезад (Муҳаммадиев).

пешина
аз 457
навбатӣ