Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
б) Бо пешоянду пасояндҳо омада метавонад: Ман бо дидани ин ҳол аз ошхӯрӣ даст кашидам (Айнӣ). Худамро базӯр аз гиристан нигоҳ дошта, ӯро навозиш мекардам (Улуғзода). Баъд аз ин аз тарафи арбоб ва ӯ ҳеҷ зулм ва осибе нарасиданро ваъда доданд (Айнӣ). Салимбой ва Славик бархоста ба ӯ барои ба зал фуромадан ёрӣ доданд (Р. Ҷалил). Гӯши ӯро ҳам дар бобати нигоҳ доштани сир сахт тофт (Айнӣ).
в) Бо бандакҷонишинҳои шахсӣ-соҳибӣ низ меояд: Зайнаб, омаданат нағзу рафтанат баддия (Улуғзода). Гумон мекард, ки вай имрӯз дар вақти ба хонаи онҳо даромаданаш рӯи хандонро Надида буд (Улуғзода). Акнун чораи аз ин рӯёнидани ҳаққи худамонро андешиданамон даркор аст (Айнӣ). Ман ба Раҳими Қанд нияти аз Қорӣ-ишкамба ҳуҷра талаб кардан доштанамро, барои бо ӯ мулоқот кардан чанд рӯз аз дунболи ӯ гаштанамро ва то ҳамин вақт фурсати бо вай гуфтугузор кардан наёфтанамро мухтасаран ҳикоя кардам (Айнӣ).
г) Монанди исм бо шумораҳои миқдорӣ ва ҷонишинҳои сифатӣ низ меояд: Сад задани сӯзангару як задани оҳангар (зарбулмасал). Зеро либоси зарини ӯ дар ҳар ҷунбидан ва ҷунбондан бо як қабат пӯст аз баданаш канда ӯро азоби тоқатнопазир медод (Айнӣ).
Хусусиятҳои феълӣ ва номии масдар бо ҳамдигар зич вобастаанд. Гоҳо дар як ҷумла зоҳир гардидани ҳам ҷиҳати феълӣ ва ҳам номии он дида мешавад: То як бурда нонро хоида хӯрда, чой дар пеши худ кашида мондаро нӯшида шудани чинифурӯш ӯ қариб буд нонпорчаҳоро ба поён расонад (Айнӣ). Дар ин мисол масдари гузаранда (нӯшида шудан) пуркунандаи бевосита (чой) гирифтааст, ки ба хусусияти феълии он вобаста аст. Ҳамин масдар дар ибора ба воситаи бандаки изофӣ муайянкунанда ҳам гирифтааст (нӯшида шудани чинифурӯш), ки аломати исмии онро нишон медиҳад. Боз як мисоли дигар: ӯ фаҳмид, ки Пӯлод аз як пиёла май нӯшидани ӯ бохабар будааст (Р. Ҷалил).
Масдар монанди исмҳо ба вазифаи сараъзоҳо ва аъзоҳои пайрави ҷумла меояд.
Ба вазифаи мубтадо. Хобидан ҳоло барвақт буд (Улуғзо-да). Шунидан кай бувад монанди дидан (зарб.). Ба ҷадидҳо алоқа доштани Асад Махсум ба таърихнависони амир маъ-лум буд (Икромӣ).
Ба вазифаи хабар. Вазифаи наздиктарини мо ҳамаи кол-хозчиёнро осудаҳол кардан аст (газета). Орзуи деринаи ман хондан буд (Р. Ҷалил). Вазифаи Қорӣ дар ин кор... роҳбарӣ кардан ва... ба ӯ нишон додан буд (Айнӣ). Чӯпонбачагон дар давидан, оҳубаррагон дар рамидан (Айнӣ).
Ба вазифаи пуркунандаҳои бавосита ва бевосита. Ақлу ҳушам ба хондан банд буд (Улуғзода). Аммо аз гуфтан то кардан бисёр фарқ ҳаст (Айнӣ). Ин бор аз ҳаяҷон ва кунҷковӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор