Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

кӯча рӯй оварда, аз пештара ҳам баландтар дод гуфт (Ф. Муҳаммадиев). Баъд аз мурдани падараш замини ба мерос мондаро фурӯхта хӯрдааст (Айнӣ).

Дар ин мисолҳо гӯё пасиҳамии амалҳо ба вуҷуд меояд. Амале, ки масдар ифода мекунад, ба анҷом мерасад ва баъд амали хабар рӯй медиҳад.

Махсусан намуди мутлақ ба воситаи як гурӯҳ феълҳои ёридиҳанда равшантар ифода мешавад: Омада мондани писари Қодир хавфро боз зиёд мекунад (Р. Ҷалил). Ясавул ба ҳамин мулоҳизаҳо ҳозир аз гирифта бурдани Гулнор даст кашид (Айнӣ). Пас аз китобро хонда шудан ба гуфтугӯй сар кард (Толис). Баъд аз ба шаҳр кӯчида баромаданамон дадем бурда монданд (Икромӣ). Ҷаллодҳо баъд аз ба аробаҳо бор карда додани мурдаҳо боз омада, ёзида, нос кашида барои шунидани охири ҳикояти Ҳайдарча тайёр шуданд (Айнӣ).
Ман баъд аз саришта карда гирифтани худ ҳикояти ба Зарафшон ғалтиданамро ба самоворчӣ нақл кардам (Айнӣ).

Масдарҳои намуди давомнок одатан амали давомнок, нотамом ва такроршавандаро мефаҳмонанд. Дар ин намуд ҳудуди амал қайд намешавад. Намуди давомнок бо ёрии феълҳои ёридиҳандаи «истодан», «гаштан», «нишастан» ифода мешавад: Ӯ дар вақти аз саҳро ба шаҳр омада истоданаш ғарқ шуда талаф гардид (Айнӣ). Дар аснои баргашта истодани рота вохӯрдани худро нақл карда механдид (Ф. Ниёзӣ).
Ғайр аз шабу рӯз ба ҳокимони золим хушомадгӯй карда гаштан дигар корро намедонӣ (Айнӣ). Ин воқеа дар вақти гӯронида истодани Мирзо Назрулло рӯй дод (Айнӣ). Бинобар ин ба он ҳарина инод карда нишастанро номуносиб дониста, ӯро тамоман аз шубҳа баровардани шудам (Айнӣ).

Масдар, чунон ки ишора шуд, бо хусусиятҳои номии худ ба исм наздик аст, бинобар ин ҳамчун исми феълӣ дорои хусусиятҳои зерин аст:

а) Шакли ҷамъ мегирад: Гулбиӣ як ғунчай ношукуфтае буд, ки умеди як олам шукуфтанҳо дар дил дошт...
(Айнӣ). Боло хазидану поин хамиданҳо вакилони ба кӯчагардӣ одатнакардаи моро хеле монда карданд (Улуғзода).
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил — Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил (Турсунзода). Таърихи ҷангҳои инқилобии мо аз ин гуна пас гашта пеш рафтанҳо бисёр мисолҳо дорад (Айнӣ).

Аз шукуфтанҳои гулҳои баҳор,
Аз давиданҳои оби чашмасор.
Аз вазишҳои насими маргзор,
Аз фурӯзонии меҳри рӯзгор.
Мо ба дил меҳри Ватан мепарварем,
Дар тараннум сози нав меоварем
(Фарҳат)

пешина
аз 457
навбатӣ