Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Танҳо
- ман шунида истодаам
- ту шунида истодай
- вай шунида истодааст
Ҷамъ
- мо шунида истодаем
- шумо шунида истодаед
- онҳо шунида истодаанд
Шакли ҳозираи давомдори феъл барои ифодаи маъниҳои зерин истеъмол мешавад:
- Ҳозираи давомдор (муайян), ки амали дар айни ҳол ҷараёндоштаро мефаҳмонад:
Мо номи Партияи Коммунистиро вирди забон намуда, дар тамоми соҳаҳо ғалаба кардем ва бо номи Партия дар ин фронт ҳам ғалаба карда истодаем ва ғолиб хоҳем шуд!
— Вахш рафта истодай? — Ситораҳо дар осмони баланд чим-чимак зада истодаанд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Писараш подаро ба чарогоҳ ронда истодааст (Р. Ҷалил, Шӯроб). Бахти ту акнун гул карда истодааст, аз хазон ёд макун! (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).
- Ҳозираи давомдор, ки ҷараёни доимии амалро ифода мекунад:
Аз рӯи хабарҳои пухтае, ки ҳаррӯза ба ман расида истодааст, кори мо он қадар хуб нест (С. Айнӣ, Дохунда). Шаш моҳ боз вай дар ҳамон мактабе, ки номашро ҳозир ҳам намедонам, хонда истодааст.— Ин мардумони софдил, пурзӯр ва боғайрати кӯҳӣ дар ҳар қадам намунаҳои қаҳрамонӣ нишон дода истодаанд (Ҳ. Карим, Оқшуда).
- Шакли ҳозираи давомдор, ки маънии замони гузаштаро низ ифода карда метавонад. Ин маънӣ дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, ки бо пайрави муайянкунанда ва пуркунанда омадаанд, мушоҳида мешавад. Феъли ҷумлаи пайрав пас аз феълҳои ба шакли замони гузашта омадаи сарҷумла (дидан, шунидан, донистан, пиндоштан, нигоҳ доштан, нигоҳ кардан, пай бурдан, ҳис кардан ва м. инҳо) амали бардавоми гузаштаеро мефаҳмонад, ки ба шакли замони ҳозира воқеъ шудааст. Масалан:
Ӯ ин гуна ҳикояҳоро бо камоли ҷиддият ва бо боварии тамом нақл мекард ва мепиндошт, ки ман ҳам тамоман бовар карда истодаам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ҳамин ки сарашро бардошт, дид, ки ҳамшира дар паҳлӯяш хандида истодааст (Ҳ. Карим, Оқшуда). Дар он гӯрхона ман на ин ки аз дунё хабар надоштам ва намедонистам, ки инқилоб шуда истодааст, балки аз худам бехабар будам.— Саидпаҳлавон ҳис мекард, ки вай оҳиста-оҳиста чӣ будани инқилобро фаҳмида, худаш ҳам аз ҳавои инқилоб нафас кашида истодааст (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Дар кӯча касеро диданд, ки як бузро ба тарафе кашолакунон бурда истодааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо