Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хонданмешавад, ки ҳамаи онҳоро дар калимаҳои иқтибосшудаи забони тоҷикӣ низ дидан мумкин аст. Дар мисолҳои зерин нуҳ навъи калимасозии тарзи фоил ва мафъули арабӣ зикр мешаванд, ки аз асоси феълҳои хабура, дахала, салима, сохта шудаанд (дар баъзе бобҳо ин феълҳо тасриф намешаванд, бинобар ин ба ҷои онҳо мисолҳои дигаре дода мешаванд):
- намуди муайян надорад, 2) тафъил (таслим), 3) муфоала (мудохала), ё ки фиол (шиор), 4) ифъол (ислом), 5) тафаъъул (такаббур), 6) тафоул (тағофул), 7) инфиол (инъикос), 8) ифтиол (иқтибос), 9) истифъол (истисмор).
Тарзи фоили сифати феълӣ: 1) фоил (дохил), 2) муфаъил (мудаббир), 3) муфоил (муносиб), 4) муфъил (мухбир), 5) мутафаъъил (муташаккир), 6) мутафоил (мутақобил), 7) мунфаил (мунъакис), 8) муфтаил (муҳтасиб), 9) мустафъил (мустағнӣ).
Тарзи мафъули сифати феълӣ: 1) мафъул (мактуб), 2) муфаъъал (мусаллам), 3) муфоал (мухотаб), 4) муфъал (мулзам), 5) мутафаъъал (мутаҳайяр), 6) мутафоал (мутаборак), 7) мунфаъал (мунфасал), 8) муфтаъал (муштарак), 9) мустафъал (мустаҳкам).
Ғайр аз ин дар забони арабӣ тарзҳои ба воситаи суффиксу префикс ва флексияи дохилӣ сохтани исмҳои ифодакунандаи макон, номи асбобу олот, касбу ҳунар, исми тафзил, сифат, шакли муаннас, шакли ҷамъ, шакли дугона ва ғайра васеъ истифода мешавад, ки баъзеи онҳоро зикр мекунем:
- Исми макон: маҷлис, маскан ва ғайра.
- Номи асбобу олат: мифтоҳ (калид), миқроз (қайчӣ).
- Номи касбу ҳунар: наққош, машшоқ, наҷҷор (дуредгар), қассоб, баққол, аттор ва ғайра.
- Исми тафзил (дараҷаи муқоисавии сифат): акмал (комилтар), афзал (фозилтар), акрам (каримтар), акбар (кабиртар), аслам (солимтар) ва ғайра.
- Сифат: сақим (касал), кашиф (кашфшуда) ва ғайра.
Бисёр калимаву ибораҳои арабӣ, ки танҳо дар забони китобӣ истеъмол мешуданд ва забони умумихалқӣ ба онҳо чандон эҳтиёҷе надошт, дар шароитҳои нави инкишофи забони тоҷикӣ аз байн рафтанд. Масалан: аммома (салла), сабоҳат (ба маънии шиноварӣ), сафина (киштӣ), саффок (хунрез), мамдӯҳ (мадҳшаванда), сууззанӣ (бадгумонӣ), суулқазо (бадии сарнавишт), моҳазар (он чи тайёр аст), моҳасал (он чи ҳосил шудааст), маҳмо амкан (ба қадри имкон), макфулбасар (нобино) ва ғайра.
Як гурӯҳ воҳидҳои луғавии арабӣ, ки мафҳумҳои гуногуни динӣ, фалсафӣ, таърихӣ ва илмии тоинқилобиро ифода мекарданд, ба қатори лексикаи архаистӣ ва таърихӣ дохил шуданд. Масалан, арасот, аъроф, ҷизъя, вақф, иқтаъ, байтулмол, валиаҳд, аълам, сайрафӣ (сарроф), қавси қузаҳ, қаръя,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё