Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

муқоиса намоем, вазъиятро боз ҳам равшантар дарк менамоем.

Танҳо як нигоҳи андак ба материали лексикии мавриди шарҳи «Фарҳанги забони тоҷикӣ», ки дар асоси забони адабиёти гуногуни тоинқилобӣ тартиб ёфтааст, барои фаҳмидани он ки дар забони адабии тоҷикии тоинқилобӣ арабизмҳо то чӣ андоза бомавриду бемаврид кор фармуда шудаанд, кифоя аст.

Дар ҳақиқат, чӣ ҷои эҳтиёҷ ва талаботи услубӣ шуда метавонист, ки маа, мин, мадар, матар, салво, салҷ, саълаб, суфл, мабтахат, милҳ, миншор, мирфак, мисмор, михлаб, сабб, сиблат, сайф, шито, сит, сотеъ, мало, мақт, саҳм, ҳиссо, шаир, шаҷар барин калимаҳои арабӣ ба ҷои калимаҳои серистеъмоли умумифаҳми тоҷикӣ бо, аз (пешояндҳо), кулӯх, борон, асал, барф, рӯбоҳ, дурда, харбузазор, намак, арра, оринҷ, мех, ҷангол, дашном, мӯйлаб, тобистон, зимистон, овоз (овоза), дурахшон, пурӣ, кина, тарс, бодиринг (хиёр), ҷав, дарахт кор фармуда мешаванд, ё ҳамчун муродифҳои онҳо истеъмол ёбанд?

Ба таркиби луғавии забон зӯран дохил кардани калима ва ибораҳои арабӣ ҳарчанд дер давом карда бошад ҳам, ба имкониятҳои табиии калимақабулкунии қонунии забони тоҷикӣ мухолиф буд. Бинобар он, ин гуна унсурҳои луғавии бегона умумият пайдо карда, оммафаҳм шуда наметавонистанд. Аз калима ва ибораҳои арабӣ маҳз ҳамон қисми онҳо қабул шуда метавонист, ки ба хосияти табиии калимаҳзмкунии забони тоҷикӣ мувофиқ бошад. Хусусияти калимаҳазмкунӣ бошад, бе зарурату эҳтиёҷи нисбат ба ин гуна унсурҳои бегона доштаи забон вуҷуд дошта наметавонист. Чунонки аз таърихи инкишофи забони тоҷикӣ мушоҳида мешавад, дар забони тоҷикӣ танҳо ҳамон қисми лексикаи арабӣ боқӣ монд, ки ба он зарурат ва эҳтиёҷ ҳис карда мешуд.

Пас аз Революцияи Кабири Социалистии Октябрь бо устуворшавии муносибатҳои иҷтимоии нави таърихӣ ва ба ин восита ба фаҳму шуури халқи меҳнатӣ наздик шудани забони адабӣ дар забони тоҷикӣ дар ҳақиқат ҳамон қисми калимаҳои арабӣ боқӣ монданд, ки онҳо қобили умумишавӣ буданд ва забони тоҷикӣ мувофиқи эҳтиёҷоти табиии худ аллакай аз худ карда буд.

Ба ин гурӯҳи лексикаи аслан арабии иқтибосшуда калимаҳои мавҷ, мавҷуд, дахл, дохил, зикр, мазкур, зулм, мазлум, макон, макр, либос, ҳаёт, манзил, матоъ, мабдаъ, маблағ, мавзун, мавзӯъ, модда, монеа, шавқ, шакл, шарбат,
шарҳ, шафак, шеър, шикоят, сарфа, сатр, субҳ, саф, сафар,
сақифа, саховат, сақф, саҳеҳ, симо, синф, сифат, соат, сабр,
исбот, соид ва монандӣ инҳоро дохил кардан мумкин аст.

Дар забони арабӣ калимаҳо асосан аз феъл сохта мешаванд. Дар калимасозии забони арабӣ қоидаҳои маъмуле мӯшоҳида

пешина
аз 457
навбатӣ