Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Кондуктори мӯсафед
Гуфто ба мо: хап шавед.
(М. Миршакар)

Бодо ба шумо мужда
Аз кишвари ободон.
(Пайрав Сулаймонӣ)

ТАРЗҲОИ ФЕЪЛ

Феълҳо вобаста ба маъно ва доираи муносибатҳои грамматикиашон дорои хусусиятҳои гуногун мебошанд. Ба туфайли гуногунии хел ва шаклу тарзи ифода табиат ва хусусияти робитаҳои грамматикии феълҳо, муносибати феъл бо фоилу мафҳул (субъект ва объект) муайян мегардад. Феълҳои монда ва гузаранда, бевосита ва бавосита, тарзи фоил ва мафҳул маҳз ҳамин қисмати феълро ташкил медиҳанд.

Феълҳои монда ва гузаранда

ЯК хусусияти барҷастаи феъл он аст, ки шаклҳои вай вобаста ба сохту таркиб ва тобишҳои маънои луғавии худ муносибати нисбат ба фоил (субъект) ва мафҳул (объект) доштаи амалро мефаҳмонад ва дар ин бобат тарзи алоқаҳои морфологию синтаксисиро муайян мекунад. Масалан:

Гулнор инро ҳам медонист, ки Ёдгор фақир ва камбағал аст (С. Айнӣ, Дохунда). Роҳат, — гуфт ва ба пеши аскарон омада дар қатори дигарон ин ҳам ба рӯи алаф гел зад (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Чунон ки маълум аст, маъно ва муносибати бо фоилу мафҳул доштаи амал, ки дар ин ҷумлаҳо бо феълҳои гуногун ифода меёбад, якхела нест. Ин аст, ки аз рӯи муносибати байни фоилу мафҳул ва муносибати амал бо онҳо ҳамаи феълҳои забони тоҷикӣ ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд, ки ҳар кадом дорои хусусиятҳои грамматикии худ мебошад: як гурӯҳ феълҳои монда, гурӯҳи дигар феълҳои гузаранда ном дорад.

Феълҳои монда. Феълҳое, ки ба мафҳул (объект)-и бевосита гузаштани таъсири амалро намефаҳмонад, феълҳои монда номида мешаванд. Масалан: хестан, нишастан, баромадан, дамидан, давидан, ларзидан, омадан, сӯҳбат кардан, вохӯрдӣ кардан, ғалаба кардан, раҳсипор гардидан, хомӯш шудан, ҳиҷолат кашидан ва м. ин.

Ин гуна феълҳо аз рӯи маънои луғавии худ ва ё маънои ҷузъи номии феълҳои таркибии номӣ бевосита бо фоил (субъект) алоқаманд буда, пайваста ба ҳамин бо пуркунандаи бавосита ва ҳол муносибат дошта метавонанд. Аз ин ҷиҳат саволҳои

пешина
аз 457
навбатӣ