Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Суффикси -й одатан бо шаклҳои тасрифии феъл пас аз бандакҳои феълии ам (шахси якуми танҳо) ва анд (шахси сеюми ҷамъ), аммо дар шахси сеюми танҳо бевосита бо асоси замони гузашта меояд. Дар забони адабии ҳозира (танҳо дар назм) бо ҳамин тобишҳои маъноӣ, аз рӯи ҳамон қоидаҳо кор фармудани суффикси -й мавҷуд бошад ҳам, хеле камистеъмол буда, бештар дар шахси сеюми танҳо дида мешавад:

Чунон кор буд пур зи ишқу ҳавас,
Ки гуфтӣ, гули пахтаҳо ҳар нафас,
Гирифтӣ аз он ишқи саршор ҷон,
Паридӣ ба домони колхозчиён.
(А. Лоҳутӣ, Тоҷу байрақ)

Онҳо ки задандӣ ҳама дам лофи худой,
карданд гадой.
(С. Айнӣ)

Агар суффикси -й бо префикси ме- дар як феъл ояд, маънии давомнокӣ ва ё шартӣ будани амалро такроран таъкид мекунад.

Суффикси -о. Ин суффикс аз суффикси нидоии о, ки бо исм омада, мухотаб месозад (дилбаро, санамо...), ба куллӣ фарқ мекунад. Ин ҳамчунин суффикси шаклсозу оҳангбахши феълӣ вобаста ба талаботи вазну оҳанг танҳо дар шеър, одатан бо феълҳои гуфтан ва будан, кор фармуда мешавад. Бо феъли гуфтан дар шахси сеюми танҳои замони гузаштаи наздик (оддӣ): гуфто, бигуфто; ва бо феъли будан дар шахси сеюми танҳои сиғаи хоҳишмандӣ (бод) меояд: бодо муборак идатон!

Тарзу мавқеи истеъмоли суффикси -о бо феълҳои номбурда дар назми классикӣ ва ҳозира як аст. Фарқ дар он аст, ки ин шаклу тарзи ифода дар назми ҳозира нисбат ба пешина камтар кор фармуда мешавад:

Бигуфто: «Ишқи Ширин бар ту чун аст?»
Бигуфт: «Аз ҷони ширинам фузун аст!»
Бигуфто: «Дил зи меҳраш кай кунӣ пок?»
Бигуфт: «Он дам, ки бошам мурда дар хок!»
(Низомӣ, Хисраву Ширин)

Бигуфто: «Ман гили ночиз будам,
Валекин муддате бо гул нишастам».
(Саъдӣ, Гулистон)

Бигуфто, ки: «Эй тӯдаи номвар,
Рафиқони фаъоли соҳибҳунар!..»
(А. Лоҳутӣ, Тоҷу байрақ)

пешина
аз 457
навбатӣ