Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
пайдо шудаанд ва, аз тарафи дигар, баромади онҳо ба қадимтарин сарчашмаҳои забони тоҷикӣ — ба яке аз забонҳои қадимаи мансуби гурӯҳи забонҳои эронӣ рафта мерасад. Ин гуна калимаҳо гурӯҳи асосии лексика мебошанд ва хусусиятҳои хоси таркиби луғавӣ, система ва роҳҳои инкишофу такмили онро муайян менамоянд.
Забони ҳозираи тоҷик таркиби луғавии бой ва фаровоне дорад, ки дар заминаи худи забони тоҷикӣ дар асоси тараққиёти мустақили воситаҳои лексикиву грамматикӣ, инчунин дар натиҷаи инкишофи мустақили маъноҳои лексикии калимаҳои гуногун ба вуҷуд омадааст. Айнияти ҳамин гуна тараққиёти лексикӣ-семантикиро, ки дар заминаи худи забони тоҷикӣ батадриҷ ба амал омадааст, дар забони форсии имрӯза дида наметавонем.
Фарқияти тараққиёти ба худ хоси забонҳои хешро дар мисоли инкишофи тағйироти системаи маънотии калимаҳои ҷудогонаи ин забонҳо равшан мушоҳида кардан мумкин аст. Тараққиёти маънои лексикии баъзе калимаҳо дар забонҳои хеш нобаробарии маъноии худи ҳамон калимаҳоро ба вуҷуд меорад. Масалан, ягон калимаи муайян дар ду забони хеш (ё дар забонҳои гуногун) истеъмол меёбад, вале аз ҷиҳати ҳаҷми маъноии истеъмолиаш баробар шуда наметавонад. Барои мисол калимаи анҷом-ро аз назар мегузаронем. Ин калима дар луғатҳо ба маънои интиҳо, поён, охир, оқибат қайд шудааст, аммо маънои чизу чора, ки муродифи калимаи асбоб аст, махсуси забони тоҷикӣ аст. Ё ин ки калимаи суфра дар луғатҳо ба маънои дастархон ва ҳар чизи густурдание, ки ба рӯяш чизҳои хӯрданиро мегузаранд, қайд шудааст, аммо маънои асбоби чармӣ, ки дар рӯяш хамиру завола дуруст мекунанд, махсуси забони тоҷикӣ аст. Ё ин ки калимаи сабз ба забони тоҷикӣ ва форсӣ нисбат дорад ва шакли сохтаи ин калима — сабзӣ низ дар ҳар ду забон мавҷуд аст, аммо ба маънои беҳӣ, зардак махсуси тоҷикист. Дар шаклҳои сохтаи дигари ин калима низ ҳамин гуна фарқиятро дидан мумкин аст. Калимаҳои сабзина, сабзидан, сабзавот мутааллиқи забони тоҷикианд. Ду калимаи аввалӣ дар забони форсии имрӯза маъмул нест. Дар забони форсӣ шакли ҷамъро на аз сабза, балки аз сабзӣ дар шакли сабзиҷот сохтаанд (муқоиса кунед, дар забони тоҷикӣ: сабзавот, аммо аз мева — меваҷот).
Ба ҳамин тариқ, лексикаи забонҳои хеш дар масъалаи гурӯҳи аслии лексика умумияте дошта бошанд ҳам, дар шаклу сохти маъноии калимаҳо хусусиятҳои ба худ хосро пайдо намудаанд.
Вале фарқ кардани калимаҳои аслӣ аз иқтибосӣ баъзан хеле мушкил мешавад. Барои фарқи калимаҳои аслӣ ва иқтибосӣ лозим меояд, ки онҳо вобаста ба таърихи халқе, ки дар забони он истеъмол меёбанд, омӯхта шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё