Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
мешаванд ва дар доираи забони тоҷикӣ ҳамчун калимаҳои тоҷикӣ ба шумор мераванд, ҳол он ки ин калимаҳо аз ҷиҳати баромади худ ба забонҳои арабӣ, юнонӣ ва туркӣ мансубанд. Як қатор калимаҳо, ки аслан ба забонҳои дигар тааллуқ доранд, тамоман тоҷикӣ шудаанд: одам, қалам, тӯй ва ғайра.
Забони тоҷикӣ аз ҳисоби калимаҳои забонҳои дигар қариб ҳеҷ зарар надид, мустақилият ва хусусияти табиии худро пурра нигоҳ дошта, боз ҳам мукаммалтар гашт.
Дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ пеш аз ҳама ду гурӯҳи лексикӣ: калимаҳои аслӣ (худӣ) ва калимаҳои аз забонҳои дигар гирифташударо мушоҳида кардан мумкин аст.
- Калимаҳои аслӣ
Ба гурӯҳи калимаҳои аслии забони тоҷикӣ ҳамаи калимаҳои аслии ҳамин забон ва инчунин калимаҳое, ки ба воситаи аффиксҳои забони тоҷикӣ аз калимаҳои иқтибосӣ сохта шудаанд (тракторчӣ, экскаваторчӣ, планӣ, коллективонӣ, фоиданок, байрақдор), дохил мешаванд.
Воҳидҳои аслии луғавии забони тоҷикӣ калимаҳое мебошанд, ки аз ҷиҳати баромади таърихии худ асосан ба забонҳои ғарбии эронӣ баробар тааллуқ доранд. Чунончи, калимаҳои аслии таркиби луғавии забони тоҷикӣ дар забони форсии имрӯза низ кор фармуда мешаванд ва барои ба вуҷуд омадани воҳидҳои луғавии нав манбаи асосӣ мебошанд: даст, пой, чашм, гӯш, забон, талх, ширин, сафед, панҷ, сад, ман, ту, рав, соз, пеш, пас ва ғайра. Ин гуна калимаҳо барои забони форсии имрӯза низ аз калимаҳои аслии решагӣ ба шумор мераванд.
Аз тарафи дигар, дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ ба калимаҳое низ дучор мешавем, ки ба забонҳои қадимаи эронӣ мансуб буда, дар шароитҳои гуногуни таърихӣ ба забони тоҷикӣ гузаштаанд. Чанде аз ин қабил калимаҳо ба забонҳои гурӯҳи шарқии забонҳои эронӣ мансубанд. Баъзе аз ин забон ва лаҳҷаҳои гурӯҳи шарқии забонҳои эронӣ аз байн рафта бошанд ҳам, дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ осоре аз худ боқӣ гузоштаанд. Масалан, калимаҳои оғоз, нағз, ҷуғд (чуғз), палонҷ, қанд (Самарқанд, Панҷакент), кат, катак дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ аз забони суғдӣ боқӣ мондаанд 1.
Ба ҳамин тариқ, калимаҳои аслан тоҷикӣ калимаҳоеанд, ки аз замонҳои қадим боз асос ва манбаи луғати забони тоҷикиро ташкил намуда, дар заминаи худи забони тоҷикӣ
1 Ниг. И. О. Оранский. Введение в иранскую филологию. М., 1960, стр. 235-236. В. А. Лившиц. Согдийские слова в таджикском языке, т. I, изд. АН Тадж. ССР, ООН, вып. 12, стр. 31.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё