Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Оби шӯхи дарзӯчаи қишлоқ боз ҳам шӯхтар шудагӣ барин ба назар метофт (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Эъзозхон аз ин ҳама муваффақияти худ сармаст шуда, дар рақс боз ҳам латифтар печу тоб мехӯрд, дастпона, гӯшвора ва қӯббачаҳои пунаки зулфонашро боз ҳам баландтар ҷарангос мезанонд ва боз ҳам сеҳрангезтар нағма мекард (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ёри мо арзандаи дунё шуда,
Буд зебо боз ҳам зебо шуда.
(М. Турсунзода).

  1. Дараҷаи олӣ. Дараҷаи олии сифат баландтарин дараҷаи аломати предметро нисбат ба маҷмӯи предметҳои якхела мефаҳмонад. Бинобар ин, аз як тараф, аз дараҷаи қиёсӣ болотар будани ин дараҷа ва, аз тарафи дигар, ба дараҷаи қиёсӣ нисбат доштани он маълум мегардад.
    Дараҷаи олии сифат бо се роҳ ифода меёбад:
    а) бо ёрии суффикси -тарин:
    Ман мехостам, ки ҷаҳида аз пешаш бароям, бо ҳар ду дастам дасташро фишорам ва суханҳои беҳтаринамро барояш гӯям (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ман ин харро беҳтарини харҳо ва давандатарини онҳо гумон карда, ба як тангаю ҳашт пул то Вобканд киро кардам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

б) бо роҳи ба дараҷаи оддӣ илова намудани зарфҳои ифодакунандаи мафҳуми миқдору андоза: бисёр, хеле, ниҳоят, бениҳоят, бағоят, аз ҳад зиёд, аз андоза берун:
Дар рӯи ҳавлӣ як хонаи бисёр калон ва баланди похсагин буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Вай марди қадпасти ниҳоят фарбеҳ буд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Ҳар ду аз ин одами хушҳӯҳбат бағоят хурсанд шуда буданд (Р. Ҷалил, Одамини ҷовид).

в) бо ёрии таркиби аз ҳама. Дар ин сурат сифат суффикси -тарро ҳам қабул карда метавонад: аз ҳама калон, аз ҳама баланд, аз ҳама калонтар.
Аз ҳама баландтар Ҳошим Корвон механдид, ки бо қади баланду болояш ва мӯйлаби шофаш дар байни колхозчиён, монанди сафедоре дар байни тутзор, намудор буд (С. Улуғзода, Навобод).

Дар дараҷаи олии сифат муқоисаи аломату хусусияти предметҳои якхела, вале дар дараҷаи қиёсӣ муқоисаи аломату хусусияти ҳам предметҳои якхела ва ҳам гуногун мушоҳида мешавад. Ин мисолҳоро муқоиса кунед:
Ин ҳол зеботарин иморати он биёбон будани ин биноро нишон медод (С. Айнӣ, Ғуломон).

Бо ҳама дилмурдагӣ гар ёр ёри мо бувад,
Беҳтарини рӯзгорон рӯзгори мо бувад.
(А. Лоҳутӣ).

пешина
аз 457
навбатӣ