Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
оддӣ аломат ва чигунагии предметро ба аломат ва чигунагии предмети дигар муқоиса накарда мефаҳмонад: ҳавои хуб, манзараи зебо, оби соф, абри сафед, бӯи хуш, ҳавои беғубор, одами қадбаланд:
Бар рӯи суфа як қолини дарози сербар паҳн буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Майдонҳои чормағзу бодомзор, зардолу, шафтолузор ва боғҳои ангури тағобӣ манзараи зебо ва фараҳфазое доштанд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Касе, ки ба ин чашмони сиёҳ, ба ин абрӯвони сиёҳ, ба ин зулфони сиёҳ, ба ин холҳои сиёҳ гирифтор шудааст, ҳар фикре, ки инҳо илҳом мекунанд, магар нокарда истода метавонад (С. Айнӣ, Ғуломон).
- Дараҷаи қиёсӣ. Сифат дар дараҷаи қиёсӣ мефаҳмонад, ки аломати хоси як предмет нисбат ба предмети дигар ва ё нисбат ба аломати мавҷудаи худи ҳамон предмет ба андозаи зиёд ё кам аст. Дараҷаи қиёсӣ ба воситаи ба дараҷаи оддӣ илова кардани суффикси -тар сохта мешавад: калонтар, баландтар, хубтар, хурдтар, ширинтар...
Барои як ғулом аз озодӣ беҳтар ва барои як ошиқ аз висоли ҷнононаш хубтар коре нест (С. Айнӣ, Куллиёт). Маълум мешавад, ки пои шутур ҳам сахттар ва ба сармо тобовартар будааст (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
Агар предмети қиёсшаванда мавҷуд бошад, дараҷаи қиёсӣ бе овардани суффикси -тар ҳам ифода ёфта метавонад:
Ӯ дар синну сол аз ман калон ва дар дарс баробари ман буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Одам аз гул нозук, аз санг сахт (зарбулмасал).
Агар предмети қиёсшаванда дар ҷумла зикр нагардад, омадани суффикси -тар ногузир мешавад:
Имрӯз офтоби ҷонбахш ба қишлоқ доман-доман нур пошида, гулу сабзаро зеботар, дарахтони нав баргкушодаро барнотар, кӯҳу даштро хуррамтар карда буд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Кӯчаҳои шаҳрчаи районӣ бо тамоми шудани кор серодамтар шуда буд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Дараҷаи қиёсӣ инчунин бо пешояндҳои номӣ-таркибии нисбат ба, назар ба низ ифода мешавад. Дар ин сурат ҳам зикр намудани предмети қиёсшаванда дар ҷумла ҳатмист:
Ин хобгоҳаш назар ба хобгоҳи пештарааш беҳтар ва осудатар аст (С. Айнӣ, Куллиёт). Кабинети раис назар ба хонае, ки Нуралӣ дар он ҷо дафъаи гузашта бо Муҳаммадниёз гуфтугӯ карда буд, калонтар ва озодатар буд (С. Улуғзода, Навобод). Дигар чархҳое, ки дар ин хона мебинед, нисбат ба чархи нахустин хурдтаранд (С. Айнӣ, Одина).
Сифати қиёсӣ бо ибораи «боз ҳам» мазмуни таъкидӣ пайдо карда, аз дараҷаи қиёсӣ зиёдтар будан ва ба дараҷаи олӣ нарасидани аломату хусусияти худи як предметро мефаҳмонад ва ин аломат на дар муқоиса бо предметҳои дигар, балки нисбат ба аломати худи ҳамон предмет ба назар гирифта мешавад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё