Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
в) шахсро аз рӯи хислату кирдораш нишон медиҳад: ғоратгар, яғмогар, ошӯбгар, размгар, имдодгар ва ғайра;
г) шахсро вобаста ба амалиёт, машғулият ва ҳаракаташ нишон медиҳад: тарбиятгар, созишгар, маслиҳатгар, даъвогар, варзишгар.
... мо монанди як ислоҳгар ба миён даромада, он одамро дида ӯро розӣ мекунем... (С. Айнӣ, Ғуломон).
Ман аз паҳлавонони ҷанговарам,
Бувад рӯҳи Рустам ҳимоятгарам.
(А. Деҳотӣ, Куллиёт)
Ҳамдаме ку, ки дарди дил гӯям,
Ку ягон маслиҳатгари хубе?
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)
Суффикси -гор
Суффикси -гор каммаҳсул буда, ба воситаи он аз исму асосҳои феъл исмҳои ифодакунандаи шахс сохта мешавад:
а) Бо суффикси -гор аз исм исми нав сохта мешавад, ки вай шахсро аз рӯи амалиёту машғулияташ далолат мекунад: хизматгор, мададгор:
Ман дар аввалҳои соли таҳсили 1891 — 1892 (дар охирҳои моҳи сентябр) ана ба ҳамин ҳавлӣ хизматгор шуда даромадам (С. Айнӣ, Куллиёт). Одамҳои нағзро қаҳт назадааст, ба ман ягонто мададгор ёфт шуда мемондагист (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
б) Аз асоси замони ҳозираи феъл бо суффикси -гор исме сохта мешавад, ки шахсро аз рӯи ихтисосу машғулият ифода менамояд:
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам,
Дар анҷуман ба дастат чун тӯҳфае супорам.
(Б. Раҳимзода, Муаллим)
— Не, — гуфт боз махдум, — шумо талаб кардаед, талабгор аввал сар мекунад (С. Айнӣ, Куллиёт). Аммо модом ки ҷаноби Қорӣ харидор шуда омадаанд, дар байни харидор ва фурӯшгор вазифаи арбобиро ба ҷо оварда, кори маро сабук кардаед (С. Айнӣ, Куллиёт).
в) Ин гуна исмҳо аз асоси замони гузаштаи феъл низ сохта мешаванд:
Азизхон мактабашро тамом кард, ба ту хостгор мефиристонам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
г) Ба воситаи суффикси -гор аз исм исме сохта мешавад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё