Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

медиҳанд: ленинчӣ, мичуринчӣ, инқилобчӣ, халқчӣ, республикачӣ, шариатчӣ.

Он саллакалони шариатчӣ кӣ буд? (С. Айнӣ, Ғуломон); Дар калимаи аълочӣ, ки ба ҳамин гурӯҳ мансуб аст, суффикси -чӣ аз сифат исм сохтааст;

е) шахсро вобаста ба мавқеи иҷтимоӣ номбар мекунанд: ...хонаҳои хизматчиён ва баъзе коргарони завод аз мо дуртар, дар поёни токзор воқеъ шуда буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дар Қалъаихумб дар як шаб се духтар, ду муаллим ва шаш хизматчии ташкилотҳо бе ҳеҷ гуноҳ кушта, ба дарёи Панҷ партофта шуданд (А. Деҳотӣ, Куллиёт);

ж) шахсро аз рӯи мансубияташ ба ҷамъияте, гурӯҳе ва ё ташкилоту равияе мефаҳмонанд: динамочӣ, искрачӣ.

— Отрядчиёни пештараро, партизанҳоро (С. Улуғзода, Калтакдорони сурх);

з) шахсро аз рӯи машғулият ва ҳолат ифода мекунанд: маърӯзачӣ, ҳашарчӣ, ёрдамчӣ, миёначӣ, саёҳатчӣ ва ғайра.

Ҳуҷумчиён пас гашта, аз тарафи дигари водокачка паҳн карданд (С. Айнӣ, Ғуломон) ...барои пешвоз гирифтани кӯмакчиён пеш давид (С. Айнӣ, Ғуломон).— Ба куҷо? — пурсидам аз санитари навбатчӣ («Садои Шарқ»). Аксари бозорчиён шоҳиворро аз вай мехаранд... (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон).

Суффикси -гар

Суффикси -гар аз исм исми дигар месозад, ки он:

а) шахсро аз рӯи касбу ҳунар ифода менамояд: ҳалвогар, шишагар, шамшергар, чармгар, сӯзангар, оҳангар, наългар, мисгар, кулогар, оинагар ва ғайра:

Ангишташ ангишти қандум буд, ки ангиштгарон аз чӯби дарахтони мевадор тайёр карда медоданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Баъд ба оҳангар шогирд шудам... (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). ...сангҳое, ки ӯ мефурӯхт, ҳамагӣ арзонбаҳо ва оддӣ буданд, ки заргарҳо ё мисгарҳо харида ба нигинакориҳои зарфҳо кор мефармуданд (С. Айнӣ, Куллиёт). ...офицерони сафеди рус ва кимиёгарони сафеди аврупоӣ ҳастанд... (С. Айнӣ, Ғуломон).

Ангури сари ток нашуд дафъи хуморӣ,
Мазмуни аракрезии ин кӯзагарон буд.
(П. Сулаймонӣ, Маҷ. шеърҳо)

Ин гуна исмҳо аз сифати феълӣ низ бо суффикси -гар сохта мешаванд: рехтагар, шустагар;

б) шахсро аз рӯи мавқеи иҷтимоӣ ва мансубият ба ин ё он муассиса мефаҳмонанд: савдогар, коргар, барзгар, тавонгар;

пешина
аз 457
навбатӣ