Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

(С. Айнӣ, Куллиёт). Аммо султон Маҳмуд халифаро бедин эълон кард, на танҳо ӯро, балки тамоми хонадони аббосиро... аз хилофат маҳрум кардан хост (С. Айнӣ, Куллиёт).

Таркибҳое ҳастанд, ки дар онҳо феъли тавонистан дар шакли тасрифӣ (метавон гуфт, метавонӣ баст) воқеъ мешавад. Феъли асосии чунин таркибҳо низ бо масдарҳои нопурра (баъзан пурра) меояд ва онҳо якҷоя хабари бешахсро ташкил менамоянд. Хабарҳои мазкур одатан дар ҷумлаҳои яктаркибаи бешахс истифода мешаванд: Ҳатто онро сароғози дафтари умраш метавон донист (Ф. Муҳаммадиев, Варта). Ишқ мушк аст, пинҳон натавон кард (С. Улуғзода, Восеъ).

  1. Манъу рад ва муқобил будан ба чизе, ҳодисае баён мекунанд. Дар вазифаи ҷузъии тобеи чунин хабарҳо феълҳои наҳостан, намондан, нагузоштан ва мисли инҳо истифода мешаванд: Бидон, ки ман гуночинамонро фурӯхтан намемонам (С. Улуғзода, Восеъ).

ХАБАР ШУДА ОМАДАНИ СИФАТҲОИ ФЕЪЛӢ

Шаклҳои гуногуни сифати феълӣ бо феълҳои ёридиҳанда ё бандакҳои хабарӣ ва ё бе онҳо хабар шуда меоянд. Ин гуна хабарҳо одатан ҳолати предмети шарҳёбандаро ифода мекунанд.

Хабар шуда омадани сифати феълии замони гузашта: Заминҳо шудгор кардагӣ, поруҳои маъданӣ ва маҳаллӣ андохтагӣ, пунбадона кашондагӣ ва тоза кардагӣ, молаю сихмолаҳо дар сари замин ба кор ҳозир, формалин дар зарфҳо андохта мондагӣ, сеялкаҳо ҳама тахт (С. Улуғзода, Навобод). Чаро қавоқҳоятон гирифтагӣ? (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дар як-ду соат анборхона ранги хонаи истиқоматӣ гирифт, намаду гилем андохтагӣ, сандӯқ ва кӯрпаю болиштҳо дар кунҷак ҷо кардагӣ, сӯзании тиллоранг дар девор ва чакману ҷомаи нави падарам дар меҳҳо овехтагӣ, ҳама чиз тахт ва ҷо ба ҷо, хона озода ва гарм (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Хели дигари сифати феълии замони гузашта ҳам дар ҷумла ба вазифаи хабар омада метавонад. Ин ҳол асосан махсуси назм аст:

— Дар кӯҳу дар дашт
Лола расида
Дар боғу дар кишт
Сабза дамида.

(С. Айнӣ, «Доҳунда»).

Камоли Тоҷикистонӣ расида,
Ба боғаш лолаҳои нав дамида,
Бадахшонӣ рубобаш ҷӯр карда,
Ғами дерина аз дил дур карда...

(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

пешина
аз 312
навбатӣ