Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
инкор буда, ҳамчун ҷумлаҳои нопурраи инкорӣ истифода мешаванд: ҳаргиз, асло, ҳеҷ.
— У дар хона нест (Р. Ҷалил, Маъвои дил).
— Ин аспатон магар хоназод аст?
— Не! (С. Айнӣ, Осори баргузида).
— Ман бекасам? На! (С. Улуғзода, Калтакдорони сурх).
Магар колхоз ба ин розӣ шуда метавонад? Ҳаргиз! (С. Улуғзода, Навобод).
— Ҳа, чӣ воқеа?— пурсид Исрофил, ки маро дар он тарафи кӯча мунтазир буд.
— Ҳеҷ (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).
Ба гурӯҳи ҷумлаҳои инкории хоса ҷумлаҳоеро низ дохил кардан мумкин аст, ки дар таркибашон ҳиссачаи инкории ҳеҷ не ки доранд. Ҳиссачаи инкории ҳеҷ не ки хусусияти гуфтугӯӣ дорад ва дар ҷумлаҳое, ки бо ин ҳиссача омадаанд, хабар дар шакли ғайриинкор, бо сиғаи шарти-хоҳишмандӣ ифода шуда, нияту хоҳишро ифода мекунад:
...ҳеҷ не ки он қарз тамом шавад (Ҷ. Икромӣ, Тори анкабут). Ҷомаи сабили садъямоқ ҳеҷ не ки бо дӯхтан буд шавад (Ҷ. Икромӣ, Тирмор). Мӯйсафед ҳеҷ не ки сари асо шавад («Садои Шарқ»).
Дар таркиби ҷумлаҳои содда калимаҳои инкории ҳеҷ, ҳаргиз, дигар, ба ҷуз, бе низ меоянд. Хабари ин гуна ҷумлаҳо, ки ба воситаи морфемаҳо аз шакли тасдиқи он сохта шудааст, дар шакли инкор меояд, бинобар ин онҳоро ба гурӯҳи ҷумлаҳои инкории хоса дохил кардан ҷоиз нест. Дар ин қабил ҷумлаҳо калимаҳои инкории зикршуда вазифаи услубиро адо карда, тобишҳои модалии онро қувват медиҳанд, инкорро таъкид намуда, маънои иловагӣ мебахшанд ва матлабро конкреттар менамоянд, вале ба сохти ҷумла таъсир намерасонанд. Бинобар ин аз истиснои онҳо сохти ҷумлаи инкорӣ тағйир намеёбад. Муқоиса кунед...
Ба гапҳои вай ҳеҷ бовар намекардам (Ҳаким Карим, Ҳикояҳо). Овози падарҷонамро дигар нашунидам (Ҳаким Карим, Ҳикояҳо). Ман инро ҳаргиз фаромӯш намекунам (Ю. Акобиров, Водии муҳаббат).
Ба гурӯҳи дуюми ҷумлаҳои инкорӣ ҷумлаҳое дохил мешаванд, ки бо воситаҳои гуногуни грамматикӣ аз ҷумлаҳои тасдиқӣ сохта шудаанд.
Чунон ки зикр шуд, хабар маркази предикативии ҷумла ба шумор меравад. Тасдиқу инкорро ифода намудани ҷумла асосан ба хабар вобаста аст. Хабари ҷумлаҳое, ки дар бораи набудани чизҳо, ҳодисаву воқеаҳо ва инкори фикр маълумот медиҳанд, дар шакли инкор меояд, ки аз шакли ғайриинкори он сохта шудааст.
Хабарҳои соддаи феълии инкорӣ аз хабарҳои тасдиқӣ ба воситаи префикси шаклсози на- сохта мешаванд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё