Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
афкор дар байни одамон) дидааст. Ибораҳо ба мисли калимаҳо барои сохтани ҷумла хизмат мекунанд. Чунон ки калимаҳо муносибати предикативиро ифода карда, ҷумла мешаванд, ибораҳо низ қодиранд, ки хусусиятҳои ҷумларо молик гардида, ба воҳиди коммуникативии забон табдил ёбанд. Аввалҳои декабр, ҳаво на гарми гарм, на хунуки хунук (Ҳ. Карим).
Ибораҳо дар таркиби ҷумла вазифаи аъзоҳои гуногунро адо карда, чун сараъзо ё аъзои пайрави тафсилии ҷумла падидор мегарданд. Мувофиқи талаботи созмони ҷумла ва таносуби сухан дар сохти ибора тағйироти ҷузъӣ рӯй диҳад ҳам (дар тартиби ҷойгиршавии ҷузъҳои ибора: баъд аз ин китобро хонданам — баъд аз хонданам ин китобро...), ба тарҳи структуравии ҷумла таъсири ҷиддӣ расонда наметавонанд.
Ибора ба вазифаи ҳамаи аъзоҳои ҷумла меояд, аммо ин вазифаи ибора аз рӯи калимаи асосии он муайян карда мешавад. Дар таркиби ҷумла ҷузъи асосии ибора вазифаҳои гуногуни синтаксисиро адо мекунад, дар вазифаи ҷузъи тобеъ бошад, дигаргуние рӯй намедиҳад. Масалан, дар ҷумлаи Деҳқонони асил аз ҳар гектар замини пахта 40 центнерӣ ҳосил бардоштанд ибораи деҳқонони асил ба вазифаи мубтадо (аслан мубтадо-калимаи деҳқонон, асил — муайянкунандаи он) омадааст. Ибораи мазкур ба вазифаи аъзоҳои дигар низ омада метавонад: Ҳотам деҳқони асил аст. Ба деҳқони асил ин қадар ҳосил гирифтан ҳам писанд нест. Дар назди деҳқонони асил сари таззим фуруд меоранд. Анвар мисли деҳқонони асил дар замин кор мекунад.
Ибораи феълии китоб хондан низ ба вазифаи ҳамаи аъзоҳои ҷумла меояд. Албатта, дар ин сурат ҷузъи асосии ибора мисли калимаҳои мустақилли ҷудогона аз рӯи талаботи созмони ҷумла, шакли синтаксисии худро тағйир медиҳад, вале муносибати объектии ибора ҳамчунон боқӣ мемонад: Китоб хондан шараф аст. Вазифаи мо китоб хондан аст. Шаби китоб хондан хаста менамуд. Барои китоб хондан вақт надорад ва ғайра.
Дар таркиби ҷумла маъно ва муносибати грамматикии ибора маҳфуз мемонад, аммо бо тақозои вазифаи ахбор муносибати онҳо ҳар хел зоҳир мешавад. Дар ин гуна мавридҳо калимаи тобеъ ба воситаи калимаи асосӣ ба тамоми ҷузъҳои воҳиди ахбор муносибати маъноӣ пайдо карда метавонад. Масалан, ибораи дашти тафсон муносибати муайянкунандагӣ ифода карда, дар ҷумлаи Дар дашти тафсон ба назар ҷонзоде наменамуд ба вазифаи ҳоли макон омадааст. Аммо дар ин ҷумла муносибати муайянкунандагии ибораи дашти тафсон боиси ба амал омадани маънои ахбории ҷумла гардидааст ва ба муносибати сабабӣ пайваста ифода шудааст (Аз сабаби тафсонии дашт ба назар ҷонзоде наменамуд). Ин хусусият ибораи дашти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё