Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар вазифаи ҷузъи асосии ибора феълҳои монда омада бошанд, дараҷаи алоқамандии калимаҳо сусттар мегардад. Дар ин гуна ҳолатҳо дар ифодаи муносибатҳои синтаксисии калимаҳои тобеъ ва воситаҳои грамматикии алоқа роли калон мебозанд: бо падар фуромадан, аз ағба фуромадан, аз тарс фуромадан, ногоҳ фуромадан, ларзида фуромадан ва ғ. Дар ибораҳои феълӣ, ки ҷузъи тобеи онҳо бо пешояндҳои номӣ алоқаманд шудааст, дар ифодаи муносибати маъноӣ ва ташкили ибора воситаҳои грамматикӣ эътибори калон пайдо мекунанд: дар назди падар сухан гуфтан, дар вақти мулоқот хомӯш мондан, ҳангоми гап задан ишора кардан, баъд аз кор омадан ва ғайра.

Дар ташкили ибораҳои номӣ мақоми бандаки изофӣ бузург аст. Бо бандаки изофӣ алоқаманд шудани калимаҳо тарзи маъмули иборасозӣ буда, аз табиати забони миллии тоҷик сар мезанад. Дар ибораҳои изофӣ калимаи тобеъкунанда бандаки изофӣ гирифта, дар аввали ибора меояд. Дар ибораҳои дигар ҷузъи тобеъ (бо пешоянду пасоянд ё дар алоқаи ҳамроҳӣ) асосан пеш аз калимаи тобеъкунанда меояд. Дар ибораҳои изофӣ муносибати муайянкунандагӣ маънои асосӣ буда, объектӣ, замонӣ, маконӣ ва ғайра маъноҳои иловагии ибора ба шумор мераванд. Муносибати маъноии ҷузъҳои ибораи изофӣ ду хел мешавад: 1) аломат ва 2) соҳибият. Дар хели аввал калимаҳои тобеъ бо сифат, сифати феълӣ, шумораҳои тартибӣ ва як миқдор исмҳое, ки ба нисбати предмет далолат мекунанд, ифода мешаванд: ниҳоли сабз, сафедори баланд, марди нотарс, ғунҷаи ношукуфта, асри бистум, соати тилло, нони гандум. Ҷузъҳои тобеъ вобаста ба тарзи ифодаашон бо ҳиссаҳои гуногуни нутқ, бо калимаи асосӣ ва байни худ муносибати гуногун зоҳир мекунанд:

а) Ҷузъҳои тобеи ибора бо сифат, сифати феълӣ, шумораи тартибӣ ифода шуда бошанд, ба тадриҷ мукаммал гардидани маънои калимаи асосии ибора мушоҳида мешавад: чанори ба-ланди сершоҳу барг, насими форами баҳорӣ.

б) Ҷузъҳои тобеи ибора бо исму калимаҳои мафҳуми пред-метӣ дошта ифода ёфта бошанд, калимаҳои эзоҳдиҳанда сил-силавор ба якдигар тобеъ шуда, танҳо маънои ҷузъи пеш аз худ омадаро шарҳ медиҳанд: гулҳои хиёбони шаҳр.

в) Ҳар кадом ҷузъҳои тобеъ ба калимаи асосии ибора тобеъ шуда, аломатҳои ҳамҷинси онро ҷудогона эзоҳ медиҳанд: садбаргҳои сурх, зард ва сафед; овози паст, вале форам; ҷамъ-омади студентону муаллимон ва ғ.

  1. Забоншиносон дар хусуси муносибати ибору ҷумла, хусусиятҳои фарқкунандаи онҳо бисёр баҳс кардаанд. Академик В. В. Виноградов тафовути онҳоро дар вазифаҳои гуно-гуни номинативӣ (танҳо ном бурдани мафҳумҳои нисбатан му-каммали ашъё, аломат, ҳолат, воқеаю ҳодиса) ва коммуникати-вии онҳо (ифода кардани фикр ва имконпазир гардондани мубодилаи
пешина
аз 312
навбатӣ