Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
истода ба ҳамин сафсатта бовар мекунед? (С. Улуғзода. Субҳи ҷавонии мо). Акнун ба шумо ҳам пандёд шудагист? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Синни ӯ дар пеши умри одамони рӯзгордида чист? (Ф. Муҳаммадиев, Палатан кунчакӣ).
Агар калимаи заданок дар аввали ҷумлаи саволӣ воқеъ шуда бошад, ҷумла бо оҳанги баланд оғоз ёфта, тадриҷан паст мешавад. Ҳамаи аъзоҳои ҷумла дар аввали ҷумлаҳои саволӣ омада метавонанд, вале ин ҷо барои хабар муқаррарӣ нест. Агар хабар дар аввали ҷумла ояд, ҳатман задаи мантиқӣ қабул мекунад:
— Чӣ лозим вай ба шумо? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Кистанд онҳо? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Кист он ҷо? Кист вай? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб).
Агар калимаи заданок дар мобайни ҷумлаи саволӣ ҷой гирифта бошад, ҷумла бо оҳанги паст оғоз ёфта, дар мобайни ҷумла баландтар мешавад ва дар қисми дуюми ҷумла боз тадриҷан паст мефарояд:
Ба меҳмонон кӣ хизмат мекунад? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Ту магар ҳаминро ҳам нафаҳмидӣ? (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Дар ташаккули ҷумлаҳои саволӣ ба замми интонация воситаҳои зиёди дигар низ истифода мешаванд. Дар ифодаи ҷумлаҳои саволӣ калима, таркиб ва ҳиссаҷаҳои саволӣ мақоми хосса доранд. Истифодаи онҳо ба мақсади саволдиҳанда ва ба кадом аъзои ҷумла мансуб будани аъзои ҷавобшавандаи ҷумла вобаста аст. Дар ҷумлаҳои саволӣ ҷонишинҳои саволӣ ва зарфҳои ҷонишинӣ фаровонтар истифода мешаванд. Ин воҳидҳои саволӣ мувофиқи аъзоҳои ҷумла сурат мегиранд.
Ҷонишинҳои саволии кӣ?, чӣ?, киҳо?, чиҳо? барои муайян намудани субъекти грамматикӣ истифода мешаванд ва худ дар ҷумла ба вазифаи мубтадо меоянд:
Дарвоқеъ, ҳамон кори шуморо ба амлокдор кӣ хабар дода буд? (С. Айнӣ, Кӯллиёт). Ба ту кӣ иҷозат дод, ки обро бандӣ? (С. Улуғзода, Восеъ). Кӣ менавозад?— пурсид Саид Амон аз соҳиби хона (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Ба онҳо чӣ лозим будааст? (Р. Ҷалил, Маъвои дил). Ба хонаат имрӯз киҳо омада буданд? (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).
Ҷонишинҳои саволии кист?, чист?, кӣ буд?, чӣ буд?, кӣ?, чӣ? ва калимаҳои чӣ шудааст?, чӣ кор мекунад? ва монанди инҳо барои муайян намудани амали субъект истифода шуда, дар ҷумла ба вазифаи хабар меоянд:
Шумо кистед? (Р. Ҷалил, Шӯроб). Пас, ин кас кист? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Бародарҳо! Асли мақсади мо чист? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Ба шумо чӣ шудааст? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). ...ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Ин кӣ буд, Даша?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё