Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Саволҳои риторикӣ гуногунанд. Як навъи онҳо маънии инкор дорад. Дар ин гуна ҷумлаҳои саволӣ инкор ба таври рамзу киноя ифода мешавад:
— Барои ояндагон пешкаш тайёр карда мондагиянд?
— Кӣ медонад (С. Айнӣ, Куллиёт).— Ту кай боз духтур шудӣ? Мо туро нағз медонем! (Р. Ҷалил, Шӯроб). Дар ҳақиқат, чӣ лозим модагов (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб).
Саволҳои риторикӣ ҳамчун ҷавоби инкории савол низ истифода мешаванд. Ба ин вазифа ҷумлаҳои «Кӣ медонад?», «Чӣ медонам!» хеле серистеъмоланд:
— Шумо вайро медонед?— гӯён ӯ ба бойбобояш рӯӣ овард.
— Кӣ медонад, монанди ана ин пойлучҳо ягон худобехабар будагист-дия,— ҷавоб дод ӯ ва бо ҳамин гази саволу ҷавобро кӯтоҳ кард (Р. Ҷалил, Шӯроб).
— Рӯз бевақт шуд, аз Некқадам ва Гулфом ҳанӯз дарак нест. Некқадам-ку ҳоло бача, аммо ба ин Гулфом чӣ шуд?
— Ман чӣ донам?
— Уй, одам! Аз ту мепурсам, ба онҳо чӣ шуда бошад мегӯям?
— Ман намедонам, ман чӣ донам, гуфтам-ку (С. Айнӣ, Куллиёт).
Агар хабари ҷумлаҳои саволириторикӣ дар шакли инкор омада бошад, маънии тасдиқ медиҳад:
— Ман дигар ба рӯи вай нигоҳ намекунам, ки гунаҳгор нашавам,— ҷавоб дод оҳиста модар.
— Айб аст. Чӣ хел нигоҳ намекунӣ? Инҳо хафа шаванд, домодат, духтарат хафа мешаванд (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Ҷумлаҳои саволие ҳастанд, ки ҷавоб талаб намекунанд, фикрро тасдиқу инкор намекунанд, балки шунавандаро ба амале, иҷрои коре водор менамоянд. Ин гуна ҷумлаҳои содда ҷумлаҳои саволии водоркунӣ ном доранд.
Ҳоло ҳам нарафтай? Магар то пагоҳ хоб мекунӣ? (Р. Ҷалил, Маъвои дил).
Тарзу воситаҳои ифодаи ҷумлаҳои саволӣ гуногун аст. Воситаи асосии ифодаи ҷумлаҳои саволӣ интонатсия ба шумор меравад. Интонатсия унсури ногузири ташаккули ҳамаи навъҳои ҷумлаи саволӣ мебошад. Интонатсияи саволӣ аз интонатсияи хабарӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар ҷумлаҳои саволӣ калимае, ки савол ба вай мансуб аст, пурқувваттар талаффуз карда мешавад. Дар ҷумла ҷои калимаҳое, ки задаи мантиқӣ гирифтаанд, нисбатан озод аст. Бинобар ин интонатсияи ҷумлаи саволӣ дар забони тоҷикӣ як хел нест. Агар калимаи заданок дар охири ҷумла ояд, интонатсияи саволӣ ором оғоз ёфта, дар охир қувват мегирад ва баландтар мегардад:
Маро ба галабонӣ намегирифта бошад? (С. Улуғзода, Восеъ). Кӯрбошиҳо ин панҷ сол боз ба ғайр аз ғорату бедодгарӣ ба халқ чӣ оварданд? Гапи дар Самарқанд гуфтагиАТОНРО ба ёд доред? (С. Улуғзода, Восеъ). Шумо одами каппа-калон шуда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё