Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
(Р. Ҷалил, Шӯроб). Ҳуди ту кӣ? (Р. Ҷалил, Шӯроб). Он корҳо чӣ будаанд? (С. Айнӣ, Куллиёт).
Калима ва таркибҳои саволии киро?, чиро?, аз кӣ?, бо кӣ?, бо чӣ?, ба кӣ?, ба чӣ? ва амсоли инҳо барои муайян намудани объекти ҷумла истифода мешавад ва худашон дар ҷумла вазифаи пуркунандаро адо менамоянд:
Киро кофта гаштед, писар? (Ф. Муҳаммадиев, Одамони кӯхна). Вай чиро дар назар дорад? (С. Улуғзода, Восеъ). Ман аз кӣ забонкӯтоҳ? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб).
Калимаву таркибҳои саволии кадом?, чӣ хел?, чӣ гуна?, чӣ ва ғайра барои муайян кардани аломати предмет истифода мешаванд ва худ ба вазифаи муайянкунандаи калимае меоянд, ки задаи мантиқӣ қабул намудааст:
Кадом кори большевикон ба шумо форид? (С. Айнӣ, Куллиёт). Сардори ин хел хоҷагӣ бояд чӣ гуна одам бошад?
(Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Боз чӣ хел шарт?
(Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Барои дуруст кардани инҳо шумо чӣ маслиҳат медиҳед? (С. Айнӣ, Куллиёт).
Як гурӯҳ калимаву таркибҳои зарфии саволӣ барои муайян намудани детерминатҳои ҷумлаи саволӣ истифода мешаванд ва мутаносибан ба вазифаи хабар ва ҳолҳои гуногун: замон, макон, тарз, миқдору дараҷа, сабабу мақсад меоянд.
Даҳаи якуми адабиёти тоҷик дар Қирғизистон кай буд?
(Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Дар куҷост худи раисатон? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Кай ман даркор будаам? (Р. Ҷалил, Маъвои дил). Дод гуфта куҷо ҳам мерафтӣ? (С. Улуғзода, Восеъ). Корҳотон чӣ тавр рафта истодааст?
(С. Айнӣ, Куллиёт). Инро ба олимони арҷманди тиб чӣ навъ фаҳмонам? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Пас, барои чӣ модагов нигоҳ дорад? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб).
Дар як ҷумла ду воҳиди ифодакунандаи савол омада, дар як вақт ду саволро пеш гузоштанашон мумкин аст:
Аз кӣ ва чӣ гуна сирро фаҳмидӣ? (С. Айнӣ, Куллиёт). Ин оини савоби дар сари қабри шаҳидон машъала афрӯхтан кай ва аз куҷо расм шудааст? (Ф. Муҳаммадиев, Палатай кунчакӣ). Киҳо ба муқобили кӣ ошӯб тайёр мекунанд? Киҳо ба муқобили кӣ мешӯранд? (Р. Ҷалил, Шӯроб). Аз шумо чӣ гуна андоз ва чӣ қадар мегиранд? (Р. Ҷалил, Шӯроб). Ҳуди шумо кӣ ва дар ин ҷо чӣ кор мекунед? (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Дар ташаккули ҷумлаҳои саволӣ ҳиссаҷаҳои саволӣ низ фаъолона иштирок менамоянд. Ҳиссаҷаҳои саволӣ ҳам аз ҷиҳати ифодаи маъно ва ҳам аз ҷиҳати вазифаашон дар ҷумла аз ҷонишинҳои саволӣ фарқ мекунанд. Аксарияти ҳиссаҷаҳо ба замми маънои саволӣ тобишҳои гуногуни модалиро ифода мекунанд. Ҳиссаҷаҳо аз ҷонишинҳои саволӣ инчунин бо он хусусияти худ фарқ мекунанд, ки дар ҷумла ба вазифаи аъзои ҷумла намеоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё