Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

(Р. Ҷалил, Маъвои дил). Падараш омада бошад, масъала ҳал мешавад (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб).

Сиғаи эҳтимолӣ ба ҷумла маънои гумону шубҳа ва тахмин мебахшад:

Дар ин ҷо ҳам сарвати эшони ҳоҷӣ, мааттаассуф, ба тороҷ рафтагист (Р. Ҷалил, Маъвои дил). Ба одам кори хайр ҳам даркор будагист (Р. Ҷалил, Маъвои дил). Шумо, албатта, китоби бисёр доштагистед (Р. Ҷалил, Маъвои дил). Ҳоло барф кӯрпа шуда хобидагист (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Охир дар муддати ин сеюмин сол вай кӯҳ барин калон шудагист (Р. Ҷалил, Маъвои дил).

Дар ифодаи модалияти субъективӣ структураи ҷумла роли калон мебозад. Ин маъно на танҳо дар ҷумлаҳои соддаи феълӣ, балки дар ҷумлаҳои соддаи ғайрифеълӣ низ мушоҳида мешавад. Дар ифодаи модалияти субъективии ҷумлаҳои соддаи ғайрифеълӣ маънои луғавии калимаҳое, ки ба вазифаи хабар омадаанд, аҳамияти калон дорад.

  1. Ҷумлаҳои соддае, ки зарурат ва ногузириро ифода менамоянд. Дар ин гуна ҷумлаҳо ба вазифаи хабар калимаҳои ҳатмӣ, зарур, лозим, даркор, ногузир, матлуб, шарт, ҷоиз, фарз ва ғайра ҳам дар шакли холис ва ҳам бо бандакҳои хабариву феълҳои ёридиҳанда меоянд:

Аввало, барои исботи суст будани савияи назарии мақолаҳо далелҳои боэътимод заруранд (Садои Шарқ). Хеле вақт боз шуморо надидаам. Лекин як диданам даркор буд (Р. Ҷалил, Маъвои дил). Ба назари ман, масъалаи халқ ва назмро ҳамеша дар мадди назар доштан матлуб аст («Садои Шарқ»). Ба ғайри нуқсони мақолаҳо тарафҳои мусбати онҳоро низ дастгирӣ кардан ва нишон додан ҷоиз аст («Садои Шарқ»). Ба Зӯҳраҷон тӯҳфа тайёр карданам шарт буд (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Ризои модар ҳам фарзу ҳам суннат (Р. Ҷалил, Маъвои дил).

  1. Ҷумлаҳои соддае, ки маънои эътимоду боварӣ доранд. Ба вазифаи хабари ин гуна ҷумлаҳо калимаҳои бешубҳа, яқин, аниқ, бебаҳс, бегумон ва амсоли инҳо меоянд.

Ғалабаи Помир аниқ аст (Тоҷикистони советӣ).

  1. Ҷумлаҳои соддае, ки шубҳа, гумон ва тахминро мефаҳмонанд. Ба вазифаи хабари ин гуна ҷумлаҳо калимаҳои мумкин, аҷаб нест, эҳтимол, гумон, шубҳа, тахмин ва таркибҳои гуногун бавосита ё бевосита истифода мешаванд:

Ин тавр ҷавоб додани ӯ гумон аст (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Ба дурӯғ гуфтани мардони мансабдор то андозае тоқат овардан мумкин (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунчакӣ). Аз ин суханони ширини пирамардмаш шарм доштани ӯ аз эҳтимол дур набуд (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).

Калимаи мумкин дар шакли инкор маънии тахмину гумонро не, балки имконпазирӣ, зарурат ва ҳукмрониро ифода мекунад:

пешина
аз 312
навбатӣ