Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Бо эҳроми юбкашакл дигар хел нишастан мумкин ҳам набуд (Ф. Муҳаммадиев, Одамони кӯҳна). Дар саҳни телевизион сар хоридан, пашша киш гуфтан ва дигар ҳаракатҳои ба ин монанд мумкин нест (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб).
- Муносибатҳои гуногуни маъноӣ, аз ҷумла хурсандӣ, болидахотирӣ, норозигӣ, ё розигӣ, баҳо додан, хафагӣ, ҳайрат ва ғайра бо ёрии воситаҳои зиёди луғавӣ, ки ба вазифаи хабар омадаанд, ифода мешавад:
Мудири шӯъба будани ӯ барои беморон хуб аст (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Ба хонаи каси ноозмуда, боз калоншаванда, дар ин аҳвол рафтан хуб нест (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Бе мардина ҳӯронида пӯшонидан кори ҳазл нест, албатта (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Ростӣ ҳам, бо чунин қаду қомати расо, чеҳраи сафеди зебо мавзӯи ғайбати мардҳои густох нашудан аҷаб аст (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб).
Дар ифодаи маънои модалияти субъективӣ мавқеи ҳиссачаҳо, калимаҳои модалӣ ва воҳидҳои туфайли калон аст. Албатта, мақоми онҳо дар ҳамаи ҷумлаҳо як хел нест. Масалан, роли калимаҳои модалӣ дар ҷумлаҳои соддае, ки бо сиғаи шартӣ — хоҳишмандӣ ифода шудаанд, ин аст, ки маъно ва тобишҳои модалии онҳоро қувват медиҳад ва барои мустақилона истифода гардидани ҷумлаҳои содда имконияти грамматикӣ фароҳам меорад:
Бигузор, даруни салон аз мусофирон моломол бошад (Ф. Муҳаммадиев, Палатай кунҷакӣ). Мо бояд ҳар чизро ба дил нагирем (Ф. Муҳаммадиев, Одамони кӯҳна). Шояд аз раъяш нагашта бошад (Р. Ҷалил, Маъвои дил). Духтарчаи кенҷаи онҳоро Иброҳимҷон мебоист ба мактаб месупорид (Ф. Муҳаммадиев, Палатай кунҷакӣ).
Дар ҷумлаҳое, ки хабарашон бо сиғаи хабарӣ ё ки ҳиссаҳои номии нутқ ифода шудааст, ифодаи маънои модалияти субъективӣ танҳо ба зиммаи ҳиссачаҳо, нидо, воҳидҳои модалӣ ва туфайли меафтад. Ба туфайли калимаҳои модалӣ ин гуна ҷумлаҳои содда зарурат, ногузирӣ, хоҳиш, орзу, ният, тахмин, боварӣ, афсӯс, тааҷҷуб, хурсандӣ ва ғайраро ифода менамоянд:
Шояд сабаб ҳам дар ҳамин ҳайси ашёрашон буд (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунҷакӣ). Пагоҳ ин айвон, ин хонаҳо, тамоми ҳавлию боғ ва шояд ҳавлии Сайёра низ аз меҳмон пур мешавад (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Аз афташ, пирамард нафақахӯр аст (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунҷакӣ). Хайрият, дар ин ҳангом аз кӯча сигнали мошине баланд шуд (Р. Ҷалил, Маъвои дил). Лутфу марҳамати ту дар ҳақиқат поён надоштааст (Ф. Муҳаммадиев, Одамони кӯҳна). Тали Заргарро, албатта, медонед (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё