Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷумлаҳои ҳикоягӣ меоянд. Албатта, дар ҳамин маврид ҳам онҳо маъноҳои модалии худро нигоҳ медоранд ва ҷумла ба туфайли онҳо тобиши маъноӣ пайдо мекунад:

Эътироз кардан мехоҳед (Ф. Муҳаммадиев, Одамони кӯҳна). Воқеан, аз сӯҳбати мо ба худи шумо низ суде хоҳад расид (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунҷакӣ). Лекин банда низ акнун мисли пешина бепарво нахоҳад буд (Ф. Муҳаммадиев, Одамони кӯҳна). Рӯзи дигар ба кор баромада натавонистам (Ф. Муҳаммадиев, Одамони кӯҳна). Чекистро сари баҳушу дили гарму дасти пок мебояд (Садои Шарқ).

Касеро ёрои наздик рафтан набуд (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Лекин ба одамизод, бигузор он шахси маҳбубат бошад, фақат аз нафосати гулу ҳаловати навои танбӯр лаққидан нашояд (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб).

Ҷумлаи ҳикоягие, ки хабараш бо шакли махсуси сиғаи хабарӣ — хоҳам рафт ифода мешавад, низ ба ҳамин гурӯҳ дохил мешавад.

Дар ҷумлаҳои зерин феълҳои ёридиҳандаи намудан ва намондан ба ҷумла тобиши гумону тахмин ва хоҳиш бахшидаанд:

Ба назарам ӯҳдабаро менамой (Р. Ҷалил, Маъвои дил). Аз духтурхона баромада рафтанам намеомад (Р. Ҷалил, Маъвои дил).

Хабари ҷумлаҳои содда инчунин бо феълҳои таркибӣ ифода мешавад, ки ҷузъи номии онҳо маънои модалӣ дорад. Калимаҳои орзу кардан, умед доштан, тахмин кардан ва ғайра ба ҳамин гурӯҳ дохил мешавад. Дар таркиби ин гуна ҷумлаҳои содда объекти амал бештар дар шакли масдар меояд:

Аз ҷанг сарбаландона баргаштани туро орзу дорам (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ҳамин тавр шуданашро умед доштам (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Ман ҳам имшаб омадани ӯро тахмин карда будам (Р. Ҷалил, Маъвои дил).

Ҷумлаҳои соддае, ки хабарашон бо сифати феълии замони оянда (бо суффикси -ӣ) ифода шудааст, хоҳиш ва орзуву ниятмандӣро ифода мекунанд:

Пагоҳии дигар корвон ба роҳ баромаданӣ буд (С. Улуғзода, Восеъ). Маълумоти ғуншударо вай дар фабрика ба кор бурданист (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Ману бародарам бо корҳои худамон ба Туркистон, яъне Қошқар рафтанӣ (Р. Ҷалил, Маъвои дил).

Сиғаи шартихоҳишмандӣ ба вазифаи хабари ҷумлаҳои содда бевосита камтар, вале бо калимаҳои модалӣ ва дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби тобеъ басо фаровон меояд. Ҷумлаҳое, ки хабарашон бо ин сиға ифода шудааст, маъноҳои шарт, хилоф, мақсад, гумон, шубҳа, имконпазирӣ ва амсоли инҳоро мефаҳмонанд:

Наход шумо ҳам маънии гапи вайро нафаҳмида бошед

пешина
аз 312
навбатӣ