Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Кӯҳистон фақат аз замин камбағал аст. Қитъаҳои калони замини корам аҳён-аҳён вомехӯранд. Пора-пора киштзорони сабзгун монанди дарбеҳҳои ҷомаи камбағали кӯҳистонӣ дар адирҳо паҳну парешонанд. Гандум, ҷав, арзан, ҷувориро аксари деҳқонон дар тоқиҳо баркашида мекоранд. Фалонӣ имсол даҳ тоқӣ ғалла коштааст, бисмадони понздаҳ тоқӣ... (С. Улуғзода, Восеъ). Шахсе одати газидан дошт. Сиву ду дандонашро зада ба ҳалқаш равонданд. Дандонҳои оҳанӣ шинондаву газандатар шуд (С. Сафар, Пьесаҳо).

Категорияи модалият ба ҳама гуна ҷумлаи содда мансуб буда, бо категорияи замон зич алоқаманд аст. Модалияти ҷумла хусусияти объективӣ ва субъективӣ дорад. Хусусияти объективии модалият дар он ифода мешавад, ки ба воситаи ҷумла дар бораи предмет ё ҳодисаҳои олами ҳастӣ, ки ба таври реалӣ дар яке аз замонҳо мавҷуд мебошад, хабар дода мешавад. Категорияи модалияти объективӣ асосан хоси ҷумлаҳои ҳикоягӣ буда, хабари онҳо одатан бо сиғаи хабарии феъл ва ҳиссаҳои номии нутқ бевосита ва ё бавосита ифода мешавад:

Одина ба синни дувоздаҳсолагӣ аз падар ва модар ҷудо шуда, ятим ва бекас монда буд. Падари Одина камбағал ва бечиз буд. Бибиоиша Одинаро муддати се сол парвариш карда, ба синни понздаҳсолагиаш ба хизмати Арбоб Камол супурд (С. Айнӣ, Куллиёт). Мо — ҳамсояи девордармиён (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунчакӣ).

Модалияти субъективӣ муносибати гӯяндаро ба фикр нишон медиҳад. Маъно ва ҷилоҳои маъноии зарурат, имконпазирӣ, хоҳиш, орзуву ният, шубҳаву гумон, тахмин, боварию нобоварӣ, баҳодиҳӣ, ҳаяҷон, афсӯс, дареғ, аҳсану офарин ба категорияи модалияти субъективӣ дохил мешаванд. Тарз ва воситаҳои ифодаи маънои модалияти субъективӣ гуногун мебошанд.

Интонатсия воситаи умумии ифодаи маъноҳои мухталифи модалияти субъективӣ ба шумор меравад. Ба воситаи интонатсия ҳама гуна ҷумла тобишҳои гуногуни модалӣ пайдо карда метавонад. Масалан, ба воситаи интонатсия муносибати экспрессивӣ, таъкид, шубҳа, боварию нобоварӣ, киноя, розигию норозӣгӣ ва ғайра баён карда мешавад. Ҳама гуна ҷумла ба воситаи интонатсияи хитобӣ маънои қатъият ва экспрессивӣ гирифта метавонад.

Воситаҳои маъмули дигари ифодаи модалияти субъективӣ сиғаҳои феълӣ, таркиби ҷумла, ҳиссача, нидо, калимаҳои модалӣ, воҳидҳои туфайли мебошанд.

Ифодаи модалияти субъективӣ дар ҷумлаҳое, ки хабарашон бо сиғаи хабарӣ ифода шудааст, ба омилҳои зиёди луғавию грамматикӣ вобаста мебошад. Ин ҳодиса пеш аз ҳама ба сохт ва таркиби ҷумла алоқаманд мебошад.

Феълҳои модали хостан, тавонистан, ёрастан, бояд, шояд чи дар шакли тасдиқ ва чи дар шакли инкор дар таркиби хабари

пешина
аз 312
навбатӣ