Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
ҶУМЛАҲОИ СОДДА АЗ ҶИҲАТИ МАЪНОВУ МАҚСАД
ВА ИНТОНАЦИЯ
- Ҷумла воҳиди асосии нутқ ба шумор меравад. Мубодилаи афкор танҳо ба воситаи ҷумла ба амал меояд. Ҳангоми мубодилаи фикр гӯянда дар назди худ метавонад ҳар гуна мақсад гузорад: доир ба ягон чиз маълумот диҳад, ягон ҳодисаро нақл кунад, фикреро тасдиқ ё рад намояд, ё ки баръакс, ягон чизро пурсад, шубҳаашро бартараф кунад, хурсандиашро изҳор намояд, амру фармон диҳад, тарсонад, ба ҳушёрӣ даъват намояд, изҳори миннатдорӣ кунад, ҳамду сано гӯяд, ҳиссиёташро ифода кунад ва ғайра. Аз ҷиҳати мақсаду ният ва интонация ҷумлаҳои содда ҳикоягӣ, саволӣ, амрӣ ва хитобӣ мешаванд.
ҶУМЛАИ ҲИКОЯГӢ
Ҷумлаҳои ҳикоягӣ дар бораи ягон чиз маълумот медиҳанд, гӯянда ба воситаи онҳо ягон ҳодисаю воқеаро нақл мекунад, муҳокима, хулоса ва андешаҳои худро пешниҳод менамояд, фикрро тасдиқ ва ё рад менамояд:
Қалам устоди достони ман аст,— Қалам озода тарҷумони ман аст (П. Сулаймонӣ, Қалам). Яке аз рӯзҳои якшанбеи баҳори соли 1960 буд. Тақрибан соати 10 пагоҳӣ барои гирифтани кадом як коғазе ба идораи журнал омадам. Шоир Мӯъмин Қаноат, мунаққид Масъуд Муллоҷонов ва ман одатан дар хонаи калони редакция менишастем. Толис муҳаррир буд ва дар хонаи тангтари дигар менишаст (Ф. Муҳаммадиев, Дар сӯҳбати Толис). Боз каланд гирифта азми куҷо доред?—Ба ток камтар об кушоям (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).
Ҷумлаҳои ҳикоягӣ ба таври мӯътадил ва оҳанги на баланду на паст талаффуз карда мешаванд. Ҷумлаҳои ҳикоягӣ интонатсияи махсус доранд: ҷумла бо оҳанги оромона сар шуда, дар яке аз аъзоҳои он овоз баландтар мешавад ва дар охири ҷумла интонатсия хеле паст мефарояд. Оҳанги аз ҳама баланд ба калимае меафтад, ки задаи мантиқӣ қабул кардааст. Дар ҷумлаҳои хуллас задаи мантиқиро бештар хабар қабул мекунад. Аъзои пайраве, ки задаи мантиқӣ қабул намудааст, бештар пеш аз хабар ҷой мегирад ва кашидатар талаффуз меёбад. Калимаи дорои задаи мантиқӣ бо воситаҳои дигари лексикиву грамматикӣ низ ҷудо карда мешавад.
Ҷумлаҳои ҳикоягӣ аз ҳамдигар бо паузаи кӯтоҳакак ҷудо мешаванд, дар нутқи экспрессивӣ ин фосила дарозтар мегар-дад:
Дар кӯҳистони Кӯлобу Балҷувон водиҳои хурд-хурди Ҳингоб, Сурхоб, Оби мазор аҷаб ҷойҳои хушбоду ҳавое мебошанд. Бештаринашон тағоб, яъне обшор ва сердолу дарахтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё