Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Офтоби оламоро саховатмандона нурпош мекард («Садои Шарқ»). Модар писарро гуселонд (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
- Ҷумлаҳои соддае, ки дар таркибашон танҳо яке аз сар-аъзоҳои ҷумла мавҷуд аст, яктаркиба ном доранд. Дар ҷум-лаҳои яктаркиба ҳамаи калимаҳо дар атрофи ҳамон як сараъ-зо муттаҳид мешаванд. Шутурро бо кафлес об намедиҳанд (Зрб.). Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард (Зрб.). Ба ҳеҷ куҷо намеравӣ (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
Ҷумлаҳои содда мувофиқи иштирок кардан ва ё иштирок накардани аъзоҳои пайрав низ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд — хуллас ва тафсилӣ.
- Ҷумлаи соддае, ки танҳо аз сараъзоҳои ҷумла иборат аст, хуллас ном дорад. Ҷумлаҳои хуллас низ дутаркиба ва яктар-киба мешаванд:
Баҳор. Ҳаво соф (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо). Дилбар омад. Падарам хурсанд шуданд («Садои Шарқ»).
- Ҷумлаи соддае, ки дар таркиби он ғайр аз сараъзоҳо аъзоҳои пайрав низ мавҷуданд, тафсилӣ ном дорад. Ҷумлаҳои соддаи тафсилӣ низ дутаркиба ва яктаркиба мешаванд. Аъзоҳои пайрав бар эзоҳи яке аз сараъзоҳо ва ё ҳар дуи онҳо ома-да метавонанд:
Шамоли сахт вазид (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).
Ҷумлаҳои содда аз ҷиҳати иштироки аъзоҳо пурра ва но-пурра мешаванд.
Ҷумлаи соддае, ки дар таркиби он ҳамаи аъзоҳои зарурӣ мавҷуданд, пурра ном дорад. Ҷумлаҳои соддаи пурра хулласу тафсилӣ ва дутаркибаву яктаркиба мешаванд:
Падарам касал шуд (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Баҳори имсола сернозунуз омад. Мо киштро дертар сар кардем («Садои Шарқ»). Роҳи маҳаллаи акаи Баракаро аз нав сохта, васеътар мекарданд (Ф. Муҳаммадиев, Шоҳии япон).
Ҷумлаи соддае, ки дар он яке аз аъзоҳо ва ё якчанд аъзо-ҳои он зикр нашудааст, нопурра ном дорад. Аъзои зикрмнашу-даи ҷумлаи соддаи нопурра аз матн ва вазъияти сухан тасав-вур карда мешавад. Ҷумлаҳои нопурра бештар дар гуфтугӯ истифода мешавад.
Дар ҷумлаҳои соддаи нопурра зикр нашудани ҳама гуна аъзои ҷумла, ҳамчунин омадани танҳо яке аз аъзоҳои ҷумла мумкин аст:
— Ба он ҷо кӣ рафт?
— Падарам...
— Ту худро чӣ тавр ҳис мекунӣ?
— Бад не...
— Вай бояд дар ин ҷо монад.
— Ман медонам...
— Шумо, домулло, палавро бо қошуқ мехӯред ё бо даст?
— Албатта, бо қошуқ (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё