Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

в) Муносибати замонӣ: дар баҳор шукуфтан, дар тирамоҳ омадан, дар рӯзи бозор овардан, дар ҳафтаи оянда супоридан; аз ҷавонӣ омӯхтан, аз субҳ хестан, аз соати даҳ сар кардан, аз субҳ то шом сӯхтан; то пирӣ мондан, рӯз то рӯз беҳтар шудан, баъди маҷлис вохӯрдан; пас аз борон омадан; пеш аз сафар рафтан ва ғайра.

г) Муносибати масоҳагӣ: дар хона истодан, дар мактаб барпо гардидан, дар бомҳо баромадан; ба бозор рафтан, ба қишлоқ омадан, ба кӯҳ баромадан; аз сафар баргаштан, аз шаҳр баромадан, аз кӯча гузаштан; дар назди хона истодан, дар пеши чашма вохӯрдан, ба зери девор афтидан, ба даруни хона даромадан, рӯ-рӯи об рафтан, лаб-лаби ҷӯй гардиш кардан, таг-таги девор омадан ва ғайра.

д) Муносибати сабабӣ: аз сармо ях бастан, аз гиря монда шудан, аз серҳосилӣ ҳам шудан; ба сабаби серкорӣ фаромӯш кардан; аз ҷиҳати қаҳрамонӣ обрӯ ёфтан, бинобар беқувватӣ гашта натавонистан ва ғайра.

е) Муносибати мақсад: барои хайру хуш омадан, барои истироҳат рафтан, барои посбонӣ фиристодан, барои бозӣ баромадан, аз барои ханда гуфтан. Ин ибораҳо бештар дар шакли секалимагӣ: исм + масдар + феъл воқеъ мешаванд: Ревком хоҳиши аҳолиро қонеъ карда, барои ташкил додани дастаи худмуҳофизаткунӣ ба деҳаи мо намоянда фиристодааст (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Алишер... барои маълумоти олӣ гирифтан ба Самарқанд кӯчидааст (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар зимистони хунук ман бо бародарам... барои нон гирифтан дар навбат меистодем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Онҳо барои хушбошӣ кардан бо меҳмонони худ омада буданд (Ф. Ниёзӣ, Духтари ҳамсоя).

ж) Муносибати ташбеҳӣ-қиёсӣ: чун шер ҳамла овардан, монандӣ саг газиданӣ шудан, чун парранда паридан, чун оҳу давидан ва ғайра.

Дар фазоят мепарам чун паррандагон,
Медавам дар кӯҳсори хуррамат чун оҳувон.

(М. Турсунзода)

Ҳар яке аз ибораҳои мазкури феълӣ дар дохили худ боз ба гурӯҳҳои алоҳида тақсим шуда, бо фарқияти тобишҳои нозуки маъноӣ барои ифодаи мафҳумҳои мураккаби хеле гуногун хизмат мекунанд. Дар ин ҳол, чунон ки дар боло гуфтем, пешояндҳо кӯмаки ҷиддӣ мерасонанд. Ҳоло барои намуна ибораи феълиеро, ки бо пешоянди аз сурат ёфтааст, дида мебароем.

  1. Ибораҳои феълие, ки аз исм ба воситаи пешоянди аз ташкил меёбанд, пеш аз ҳама, тобишҳои гуногуни муносибати масоҳагиро ифода менамоянд. Дар онҳо калимаи асосӣ амалеро номбар менамояд, ки аз предмете (маконе), ки калимаи тобез
пешина
аз 312
навбатӣ