Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
хондан, мол овардан, санг партофтан, гӯсфанд чаронидан, одоб ёд гирифтан ва монандӣ инҳо.
Қолаби чунин ибораҳои феълӣ барои ба вуҷуд омадани як силсила ибораҳои фразеологии феълӣ замина гузоштааст: даст мондан, чашм дӯхтан, гӯш додан, қадам партофтан ва монандӣ инҳо.
б) Муносибатҳои замону маконро ифода менамоянд: шаб омадан, баҳор рафтан, Кӯлоб омадан, кӯча баромадан, қишлоқ фаромадан, мактаб рафтан ва ғайра. Дар ибораҳои мазкур ва амсоли онҳо ифодаи муносибати грамматикии замону макон ба маънои лексикии ҷузъҳои онҳо сахт вобаста аст: муносибати замоноӣ бо исмҳои замонии шаб, баҳор, муносибати масоҳагӣ бо исмҳои маконии Кӯлоб, кӯча, қишлоқ, мактаб ифода гардидааст.
Ба воситаи алоқаи вобастагӣ ба феъл тобеъ шудани исм бо ду воситаи грамматикӣ — пешоянд ва пасояндҳо ба амал меояд.
- Исмҳое ки ба воситаи пешоянд ба феъл пайванд шудаанд. Дар ин гуна ибораҳо пешоянд вазифаи дугонаро ифода мекунад: аз як тараф, ду калимаи мустақилмаъноро ба ҳам пайванд намояд, аз тарафи дигар, муносибати маъноии онҳоро нишон медиҳад. Аз ин ҷиҳат пешоянд аз бандаки изофӣ, ки низ барои алоқаманд намудани ҷузъҳои ибора истеъмол меёбад, фарқ дорад: бандаки изофӣ аз маънои лексикӣ тамоман маҳрум буда, танҳо барои ба ҳам алоқаманд намудани калимаҳо хизмат мекунад. Ба ин маъно вай бинобар воҳиди муҷарради грамматикӣ будани худ барои нишон додани муносибати маъноии калимаҳои таркиби ибора қодир нест. Хизмати пешояндҳо дигаргунтар аст. Пешояндҳо, махсусан пешояндҳои номӣ, ки ба ин ё он дараҷа маънои лексикии худро маҳфуз доштаанд, баробари ба ҳам пайванд намудани ҷузъҳои таркиби ибора, барои равшан гаштани муносибати маъноии онҳо низ кӯмак мерасонанд.
Исмҳое, ки ба воситаи пешоянд ба феъл тобеъ гаштаанд, муносибатҳои зерини грамматикиро ифода менамоянд:
а) Муносибати пуркунандагӣ: аз муаллим гирифтан, аз китоб омӯхтан, аз мармар сохтан; ба мардум фаҳмондан, ба моҳ нигаристан, ба гулистон табдил додан, ба талабагон фиристодан; бо модар омадан, бо меҳмонон хайру хуш кардан, бо корд буридан, бо душман мубориза бурдан; дар таронаҳо тараннум намудан, дар хаёл омадан; барои халқ кор кардан, барои Ватан ҷон фидо намудан; бе душворӣ хондан, бе дафтар омадан; бидуни шубҳа амал намудан, бидуни ғараз сухан рондан, дар бораи шаҳр ҳикоя намудан, роҷеъ ба сулҳ сухан рондан, роҷеъ ба сафар навиштан, оид ба маҳорат маъруза кардан, доир ба исм маълумот додан ва амсоли инҳо.
б) Муносибати пуркунандагӣ-масоҳагӣ: аз ҷӯ гузаштан, дар каф ниҳодан, аз болои гилем партофтан, дар об мондан ва монандӣ инҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё