Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

ифода менамояд, ибтидо мегирад. Дар ин гуна ибораҳо ҷузъи тобеъ аз исми макон иборат буда, ҷузъи тобеъкунанда омадан, рафтан, овардан, бурдан, фиристодан барин феълҳои ҳаракатро дар бар мегирад: аз Москва омадан, аз Москва раф-тан, аз Москва овардан, аз Москва бурдан, аз Москва фиристо-дан ва монандӣ инҳо.

  1. Ибораҳои феълӣ бо пешоянди аз амалеро нишон меди-ҳанд, ки он дар назди предмет ё худ аз болои он содир меша-вад. Дар ин гуна ибораҳо одатан феълҳои гузаштан, рафтан, убур кардан, дароз кардан ва монанди инҳо ба кор бурда ме-шавад: аз кӯча гузаштан, аз пайраҳа рафтан, аз дарё гузаш-тан, аз девор дароз кардан ва амсоли инҳо.

  2. Муносибати замониро мефаҳмонанд: калимаи асосӣ — феъл амалеро мефаҳмонад, ки баробари исм — ҷузъи тобеи ибо-ра шурӯъ мешавад: аз субҳ сар кардан, аз соли бист шурӯъ гаржидан, аз баҳор оғоз намудан, аз хурдӣ ёд гирифтан, аз ҷа-вонӣ омӯхтан, аз соати даҳ сар кардан. Дар ин қабил ибораҳо исмҳое, ки ба феъл тобеъ мешаванд, аз ҷиҳати лексикӣ нис-батан маҳдудтар буда, асосан бо исмҳои ифодакунандаи маф-ҳуми замонӣ — соат, рӯз, баҳор, ҳафта, субҳ, моҳ, сол, ҷавонӣ, хурдӣ, номи моҳҳо ва монанди инҳо ба анҷом мерасанд.

  3. Муносибати сабабиро ифода менамоянд. Дар ин маврид амале, ки феъл номбар мекунад, вобаста ба мафҳуме, ки дар калимаи тобеъ ифода ёфтааст, ба вуҷуд меояд: аз пурхӯрӣ фар-беҳ шудан, аз тарс гурехтан, аз бекорӣ дилгир шудан, аз хунукӣ ларзидан, аз беобӣ хушк шудан ва ғайра.

  4. Ибораҳои феълӣ бо пешоянди аз махсусан дар ифодаи тобишҳои гуногуни пуркунандагӣ хеле серистеъмоланд. Дар ин бобат тобишҳои маъноии зеринро нишон додан мумкин аст:

а) Феъл баҳравар шудан, ба даст дароварданро ифода менамояд, ҷузъи тобеъ-исм асос ва сарчашмаи ин маъниро нишон медиҳад. Феъли чунин ибораҳо аз калимаҳои гирифтан, ёфтан, омӯхтан, ёд гирифтан ва монанди инҳо иборат аст: аз ҷӯ гирифтан, аз роҳ ёфтан, аз китоб омӯхтан, аз падар ёд гирифтан ва ғайра.

б) Феъл дар маънои дур шудан, ҷудо гаржидан амалеро нишон медиҳад, ҳиссаи тобеъ предметеро мефаҳмонад, ки амал аз он дур ва ҷудо мегардад: аз ҷанг даст кашидан, аз моҷаро худдорӣ кардан, аз бекорӣ парҳез намудан ва ғайра.

в) Калимаи тобеъ бо феълҳои ифодакунандаи мафҳуми пур ва лабрез кардан омада, предметеро нишон медиҳад, ки аз он чизе пур аст, ё пур карда мешавад: аз одам пур будан, аз об лабрез будан, аз май лаболаб кардан. Дар ин маъно баъзан исмҳои абстракт низ истеъмол меёбанд: аз ғам пур будан.

г) Калимаи тобеъ қисм ё ҳиссаи предметеро нишон медиҳад, амале, ки ҳиссаи асосӣ ифода менамояд, бевосита ба он предмет нигаронида шудааст. Ҷузъи асосин ин гуна ибораҳо аз калимаҳои гирифтан, доштан, бардоштан, бусидан ва монанди

пешина
аз 312
навбатӣ