Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
кор омода, ба муаллим наздик, ба илм зарарнок, барои сафар ношоям, ба студент фоиданок.
Агар исм маънои предмети дошта бошаду сифат аломати масоҳагиро ифода намояд, ибораи маънои масоҳагӣ дар бар мегирад: райони ба шаҳр наздик, ҳавзи ба қишлоқ наздик ва монанди инҳо.
Ғайр аз ин баъзе аз пешояндҳои дигари аслӣ, таркибӣ ва номӣ барои ташкили ибораҳои ҷудогонаи сифатӣ хизмат мекунанд. Аз пасояндҳо дар ин вазифа пасоянди барин хеле серистеъмол аст. Ин пасоянд монанди пешояндҳои мисли, чун, монанди ва синонимҳои онҳо барои ифодаи муносибати қиёсӣ, сохтани ибораҳои ташбеҳӣ хизмат мекунад: табъи чун ғунча хандон, рухсораи чун себи сурх тобон, замини мисли дашт ҳамвор, оби нуқра барин соф, дасти оҳан барин сахт. Мисол: Шодӣ панҷаи шоҳчаи марҷон барин сурх ва нозуки худро пеш бурда, мӯҷҳи бузҷаро мекашид ва нохунҳои чун барги ғунчаи ношукуфта нарм ва нимранги худро ба лаб ва дандонҳои вай расонида қитиқ мекард (С. Айнӣ, Ятим).
Дар ташкили ибораҳои сифатии қолиби исму сифат пешояндҳои номии таркибии изофӣ низ фаровон истифода мешаванд: коғази ба монанди шир сафед, амаки дар назди сардор обрӯманд, дастони дар зери остин ниҳон ва монанди инҳо.
-
Сифат + сифат: сафеди сафед, сурхи сурх, калони калон, нағзи нағз, сурхи баланд, зарди паст. Дар баъзе аз ибораҳои сифатии гурӯҳи мазкур ҷузъи тобеъ хусусияти исмӣ дорад: пири хирадманд, ҷавони доно, кари ботил, кӯри модарзод.
-
Сифат + зарф. Аломати предмет, ки ба воситаи сифатҳои аслӣ ифода ёфтааст, аз ҷиҳати замон, дараҷа, андоза, тарз ва монанди онҳо низ пурра ва равшан карда мешавад.
Дар байни ин ибораҳо ибораҳои сифатии бо зарфҳои миқдории хеле, бисёр, бағоят, ҷудо, ниҳоят, зиёд, беҳад, басе ва ғайра серистеъмоланд. Дар даврае, ки Сомониён ҳукмронӣ мекарданд, маданияти Осиёи Миёна бисёр боло рафт (С. Айнӣ, Куллиёт). Саъдӣ, бешубҳа яке аз симоҳои бисёр бузурги адабиёти классикии форс-тоҷик аст (С. Айнӣ, Куллиёт). Агар ашъор зиёда обдор бошад, бештар дарҷ кардан ҳам мумкин аст (С. Айнӣ, Куллиёт). Шаҳр ба назарам басе зебо ва пуршукӯҳ менамуд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Шабона аз он рӯшноии ниҳоят заифи чароғ ба девори зиндон зада меистод (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Таркибҳои ба дараҷот, аз одат берун низ барои шарҳи дараҷаи аломати предмет истифода мешаванд. Шеъри касе, ки дар мавзӯи мубориза навишта шудааст, агар он кас дар мубориза феълан ва амалан иштирок карда бошад, аз шеъри касе, ки он муборизаро аз дур дида ва ё дар хона нишаста навиштааст... ба дараҷот самимонатар ва реалтар мебарояд (С. Айнӣ, Куллиёт). Шояд аз ҷиҳати аз одат берун олими бузурге

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё