Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Ибора, ҷумлаи содда ва ҷумлаи мураккаб воҳидҳои асосии синтаксис ба шумор мераванд. Калима воҳиди синтаксис набушад ҳам, дар сохтани ибораю ҷумлаи содда иштирок мекунад. Калимаи мустақил мувофиқи имконияти луғавию грамматикиаш дигар калимаҳоро ба худ тобеъ мекунад ва худаш ҳам ба калимаҳои дигар тобеъ шуда, ибораю ҷумла месозад.

  1. Ибора аз ду ё зиёда калимаи мустақил бо алоқаи тобеъ ташкил меёбад ва дар ҷумла ҳамчун материал истифода мешавад. Аз ин рӯ, ибора мисли калима танҳо ба воситаи ҷумла ба системаи воситаҳои коммуникативии забон дохил мешавад. Ибора чун калима воситаи номинативии забон буда, мафҳуми нисбатан муфассали предмету ҳодиса ва аломату амалро мефаҳмонад. Ибора бар акси калима мафҳуми ба қисмҳо ҷудо-шавандаро дар бар мегирад. Ҳиссаҳои калимаи мураккабро морфемаҳо ташкил диҳанд, ҷузъҳои ибора дар шакли калима воқеъ мешаванд, ки ҳар кадом ба аломатҳои грамматикии калима моликанд. Ин мустақилияти грамматикӣ имконият медиҳад, ки дар байни ҷузъҳои ибора дигар калимаҳои эзоҳдиҳан-да дохил шаванд. Иҷнунин абстракцияи калима нисбат ба абстракцияи ибора як дараҷа баланд аст.

  2. Ибораҳо ба ду гурӯҳи калон тақсим мешаванд: ибораҳои озод ва ибораҳои рехта. Ибораҳои озодро ибораҳои синтаксисӣ ва ибораҳои рехтаро ибораҳои фразеологӣ меноманд. Ибораҳои озод мавзӯи баҳси синтаксис бошанд, ибораҳои рехта дар боби фразеология омӯхта мешаванд.

Ибораҳои фразеологӣ аз ибораҳои озод бо хусусияти рехтагӣ фарқ мекунанд. Ҷузъҳои ибораҳои фразеологӣ бо ҳар гуна калима намеоянд, онҳо дар доираи қолибҳои муайян маҳдуд мемонанд. Ибораҳои фразеологӣ аз ҷиҳати мафҳум ба калима наздик буда, ба қисмҳо тақсим намешаванд. Ибораҳои фразеологӣ аз ҷиҳати сохт зоҳиран ба ибораҳои озод монанд бошанд ҳам, аз ҷиҳати хусусияти муносибати маъно ва грамматикӣ фарқ мекунанд: байни калимаҳои таркиби ибораҳои озод алоқаи зинда ва возеҳ мушоҳида шавад, муносибати маъноӣ ва грамматикии калимаҳои таркиби ибораҳои фразеологӣ ба дараҷаи гуногун тира шудааст. Ибораи фразеологӣ дар ҷумла яклухт ба вазифаи як аъзо меояд, вале ибораҳои озод вазифаи аъзоҳои гуногунро адо мекунанд. Масалан, ибораи фразеологии абраю астари касеро чаппа кардан ба маънои танқид кардан, сирри касеро фош намудан ба вазифаи хабар меояд:

Пас аз се рӯз дар газетай районӣ «Пиёлаи қадоқин» ном фельетоне баромад, ки дар он абраю астари Усмонқӯлат чаппа карда шуда буд (Б. Ортиқов).

Доираи имконияти васлшавии ҷузъҳои ибораҳои фразеологӣ хеле маҳдуд аст. Масалан, феъли чаппа кардан маҷозан танҳо бо абраю астар васл шуда метавонад. Доираи васлшавии калимаҳо дар ибораҳои озод хеле васеъ аст. Калимаи асосии

пешина
аз 312
навбатӣ