Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

МУҚАДДИМА

  1. Грамматика илмест, ки калима, ибора ва ҷумларо меомӯзад. Вай ба 2 қисм: морфология ва синтаксис ҷудо мешавад.

Дар морфология шакли калима, қоидаҳои тағйир ёфтани он, инчунин сохту таркибии калима мавриди баҳс қарор мегирад. Калимасозӣ ҳам ба лексикология, ҳам ба морфология алоқаманд аст, бинобар ин ҳангоми муайян кардани хусусияти ҳар як ҳиссаи нутқ ҷиҳати калимасозӣ ҳам ба назар гирифта мешавад.

Синтаксис аз омилҳои ифодаи фикр баҳс мекунад. Дар ин қисми грамматика ибора, ҷумлаҳои соддаю мураккаб аз ҷиҳати сохту таркиб, алоқаи маъноӣ ва грамматикии ҷузъҳояшон, воситаҳои ифодаи муносибати онҳо, хелҳои ибораю ҷумла ва мавқеи ҳар кадоми онҳо дар системаи сохти синтаксисии забони тоҷикӣ омӯхта мешавад.

  1. Морфология ва синтаксис ҳодисаҳои гуногуни грамматикиро омӯзанд ҳам, бо якдигар алоқаи мустаҳкам доранд ва ду қисми таркибии як сохти грамматикии том ба шумор мераванд. Аз ҳамин сабаб баъзе аломату хусусиятҳои грамматикии забонро бидуни алоқамандӣ шарҳ додан маҳол аст. Масалан, проблемаи артикль, ки ба категорияи грамматикии муайяниву номуайянии исм мансуб аст, бе синтаксис пурра ҳал карда намешавад. Хусусияти ишоратии артикли е, ки дар ин мавриди ҳамчун муродифи калимаҳои ишоратӣ зоҳир мешавад, танҳо аз рӯи муносибати ҷумлаи пайрави муайянкунанда бо калимаи эзоҳшаванда таъин мегардад. Ҳамчунин алоқамандии морфология ва синтаксисро дар мутобиқати шаклҳои феълии хабари ҷумлаҳои соддаи таркибии ҷумлаи мураккаб низ дидан мумкин аст.

Дар ифодаи муносибатҳои замон, модалият ва шахс, ки асоси маъноӣ-грамматикии ҷумларо ташкил медиҳанд, категорияҳои сиға, замон ва шахсу шумораи феъл роҳи асосӣ мебозанд. Дар забони тоҷикӣ аломатҳои морфологии баъзе ҳиссаҳои нутқ чандон барҷаста нестанд. Табиати лексикию грамматикӣ ва муносибати чунин калимаҳо маҳз дар синтаксис равшан аён мешавад.

пешина
аз 312
навбатӣ