Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ҳикояҳо). Ба фикрашон нарасидааст, ки ман катӣ як даҳан маслиҳат кунанд (Латифаҳои тоҷикӣ). Аҷаб ҷавони зебо катӣ сайру гашт мекунӣ! (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Тракторчиҳо катӣ маслиҳатро як ҷо монед! (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
СОХТ ВА ТАРКИБИ ПУРКУНАНДАИ БАВОСИТА
Пуркунандаи бавосита бо як ва ё якчанд калима ифода меёбад. Бинобар ин вай аз ҷиҳати сохт таркибӣ ва тафсилӣ мешавад. Дар навбати худ ин пуркунандаҳо дар ҷумла чида шуда меоянд.
- Пуркунандаи бавоситаи таркибӣ аз як калимаи мустақилмаъно ва пешоянд ё пасоянд иборат аст:
Акнун суханро ба муаллим диҳем, ки вай вакили мӯътамади мо мебошад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Алоқаи советҳоро бо интихобкунандагон мустаҳкам кардан зарур (газ. «Тоҷикистони Советӣ»). Ҷавон ба ҳамроҳонаш, ки аз думболи вай хомӯшона меомаданд, рӯй овард (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Аз баҳори дигар ғами зимистонро хӯрда, колхоз ба худаш хӯроки молҳоро захира мекунад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Падарам дар дами дарвоза бо мӯйсафедон хайрухуш карда, ба ҳавлӣ даромад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ба он ҳавлӣ даромада, аз хизматгор Арбобро пурсидам, ӯ маро бурда, ба меҳмонхона даровард (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Вақте ки вай бо Рашидов ба қишлоқ мерафт, мӯйсафедон ҳам ӯро дида, бо меҳру илтифот салом медоданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Кунун ман худ бигӯям бачагонро
Ҳикоятҳои ғамноки ҷаҳонро.
(М. Турсунзода)
Бо каландча он заминро се бор каландгардон кардам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
II. Пуркунандаи бавоситаи тафсилӣ бо ибораҳо ифода мегардад:
а) Бо ибораи изофӣ: Мӯъмин босавод буд ва аз бачагони деҳа танҳо бо ман ҷӯрагӣ мекард (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Шумо гумон накунед, ки Бибиоиша бо суханони умедбахшонаи Одина ҳақиқатан таскин ва тасаллӣ ёфта буд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Дар саҳни майдонча зан ҳамроҳи ҷавони қаддарози маллатӯй ва сурхинарӯй истода буд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Бинои мадрасаҳои Олимҷон ба биноҳои анъанавии мадрасаҳои Бухоро ҳеҷ монандӣ надошт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Кӯчаҳои танги шаҳр аз барфи ҳавлиҳо чунон пур шуда буданд, ки қариб ба бомҳо мерасиданд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Метарсам, ки ин сарҳо ҳанӯз аз сулҳи умумии ҳайвонот бехабаранд, — гуфт шағол (Латифаҳои тоҷикӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё