Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ҳеҷ касро нагашта буд ӯ ром,
Мешавад ром большевиконро.
(М. Миршакар)
III. Д о р о б у д а н ё н а б у д а н б а ч и з е ё ҳ о л а т е: Агар моро ё падарони моро чор пули пуччак мебуд, ба ин ҳол афтода дар ин ҷо намемондем (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Босмачиёнро маҷоли он намонд, ки рӯйрост ба майдон бароянд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Шарифро ғайр аз гуфтани чизҳои ногуфтанӣ чорае намонда буд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб).
Пасоянди -ро дар ифодаи пуркунандаи бавосита бо исмҳо, ҷонишинҳои шахсӣ ва ҳиссаҳои дигари предметонидашудаи нутқ васл мегардад: Ҳасан Эргашро кӯчаҳои хурд ва каҷу килеби деҳа тангӣ мекард (С. Айнӣ, Ғуломон). Одинаро чора ҷуз ин набуд, ки дубора сари худро гирифта ба Фарғона биравад (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб).
Гарчи номиданд як кӯҳи туро кафтаргузар,
Кӯҳи саркаш кафтаронро ҳам гузаргоҳе надод.
(М. Турсунзода)
Дар баҳорони соли якуми истиқоматам дар мадрасаи Мири Араб маро дидани ҳавлии Аҳмад Махдуми Дониш муяссар шуд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Бинобар ин маро лозим аст, ки ҳар шаб баъд аз хуфтан пеши ӯ рафта, дарс тайёр кунам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Хушкаломанд, шӯх густоханд,
Ҳамдигарро дугонаҳои Садаф.
(М. Турсунзода)
Баъд аз он маро курта ва шими нав пӯшонда, ба Сталинобод бурда, дар интернат ҷой кард (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Аз тӯйхона овози одамон, садои кӯшдоираи тафсон, ки шунавандаро фараҳ мебахшид, ба гӯши ӯ мерасиданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Номи ту, гуфтори ту дар саҳнаи ин корзор,
Беумедонро умеду бемадоронро мадор.
(Ҳ. Юсуфӣ)
Пуркунандаи бавосита бо ёрии пасоянди катӣ (қатӣ) низ ифода шуда ҳамроҳӣ ва воситаи иҷрои амалро мефаҳмонад: Як бригараи калонро саришта мекунед, одамҳо қатӣ кор мекунед, ҳазор фикру андеша доред (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Барфҳои бомро бел қатӣ тоза карда, сонӣ ҷойрӯб қатӣ рӯфтам (Ҳ. Карим,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё