Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Зафар кардан шудаст одат бароят,
Зи нав кардӣ зафар, раҳмат бароят.
(М. Миршакар)

Ҳамеша ҳамраҳат чун соя бошам,
Нахоҳам дурию якҷоя бошам.
(М. Турсунзода)

Сабр кун, ман ҳам ҳамроҳат ба правленияи колхоз меравам (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Дохунда ва Гулнор ҳам аз дунболаш гӯё ки медавиданд (С. Айнӣ, Дохунда).

БО ЁРИИ ПАСОЯНДИ -РО ИФОДА ЁФТАНИ
ПУРКУНАНДАИ БАВОСИТА

Пуркунандаи бавосита ғайр аз пешояндҳо инчунин бо пасоянди -ро ҳам ифода меёбад. Пуркунандаи бавоситаро ифода намудани пасоянди -ро аз мазмуни феъл-хабари ҷумла муайян карда мешавад.
Пуркунандаи бавоситае, ки бо ёрии пасоянди -ро ифода меёбад, чунин тобишҳои маъной дорад:

I. Ба тарафи касе ё чизе равона шудани амалро мефаҳмонад: Қамбарбобо бо дастёри 12-сола аз чоҳ об мекашанд, ҳайвонотро об медиҳанд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб).

Додарому хоҳаронро боз меҳмон омадем,
Рӯзи тӯи санъат аст, аз Тоҷикистон омадем.
(М. Рахимӣ)

Ӯ гуфт маро, ки эй бародар!
Бо гуфтаи ман бикун ту бовар.
(Б. Раҳимзода)

Шуморо, пахтакорони баҳодур,
Бигӯем аз дилу ҷон сад ташаккур!
(М. Миршакар)

II. Ба фоидаи касе ё чизе нигаронида шудани ва ё нигаронида нашудани амал: Дар он ҷо ӯро либосҳои тоза пӯшонида, ба хоначае дароварданд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Чаҳ-чаҳҳои булбулон ва нағмасаройҳои дигар мургон шуморо таъсире мебахшад, ки дастаҳои мусиқии олами маданиятро тамоман фаромӯш мекунед (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб).

пешина
аз 312
навбатӣ